ХАБАРҲО
2023-05-22: Ҷамъбасти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд
Дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Солҳои рушди саноат” эълон гардидани солҳои 2022-2026 ва бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 29 апрели соли равон дар назди театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Малоҳат Рустамзода баргузор гардид.
Дар даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 96 корхонаву ташкилот ва соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо 105 номгӯи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшаванда иштирок намуда, 30 корхонаву муассисаҳо ғолиби даври вилоятии озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дониста шуданд. Ғолибони ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта, вилояти Суғдро муаррифӣ хоҳанд намуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо баргузор гардидани озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтарин маҳсулот ва хизматрасониҳоии ширркатҳои ватанӣ муаррифӣ мегарданд ва инчунин, ҷиҳати иштироки корхонаҳо дар озмун барои дарёфти ҷоизаи сифати ИДМ ва дигар озмунҳои байналмилалӣ шароит фароҳам меорад.
Хушбахтона, дар натиҷаи баргузор намудани чунин озмунҳо бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарт ва дар натиҷаи корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ, маслиҳату машварати мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар соли 2022 ду корхонаи вилоят - ҶДММ “Ҷавонӣ” бо истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва ҶДММ “Қолинҳои Қайроққум” бо истеҳсоли қолинҳо дар озмуни беҳтарин истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соҳиби ҷоиза ва диплом гардиданд.
Маросими ҷоизасупории озмун дар бинои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, ҷоиза ва шаҳодатнома қадршиносӣ карда шуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки истеҳсолкунандагони ватанӣ маҳсулот ва кору хизматрасонии худро ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ намоянд, то дар бозори дохила ва беруна ба рақобат тобовар гашта, ба ин васила дар тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар саҳми худро гузоранд ва инчунин, маҳсулоташонро тарғиб намоянд.