ХАБАРҲО

2023-05-11: Корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо

Дар доираи салоҳияти муқарраршуда Агентии Тоҷикстандарт назорати риояи қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии молу маҳсулотро амалӣ менамояд, ҳамзамон, оид ба масъалаи омӯзиши нархҳо мунтазам аз тарафи мутахассисони Агентӣ дар бозорҳои истеъмолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди фаъолият, аз ҷумла, дар моҳи Рамазон аз ҷониби нозирон бо масъулин ва фурӯшандагони бозорҳои шаҳри Душанбе ва бозору марказҳои савдои ноҳиявию вилоятӣ, ҷиҳати риояи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, назорати нархи маҳсулот корҳои назоративу машваратӣ, амалӣ гардида истодааст. Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ аз маъмурияти бозорҳо, марказҳои савдо, соҳибкорони инфиродӣ ва нуқтаҳои хизматрасон даъват ба амал оварда мешавад, ки фурӯшандагон ва ҳайати хизматрасонро бо либоси ягонаи махсуси корӣ ва нишони сарисинагӣ таъмин намоянд.

Дар баробари ин, ҷиҳати ба муомилот набаровардани маҳсулоти пастсифат ё муҳлати истеъмолиашон гузашта ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос болоравии нархҳо, яъне худсарона баланд бардоштани нархҳо, ба хусус маҳсулоти гӯштӣ, меваю сабзавот, биринҷ, равған ва дигар анвои маҳсулоти ғизоие, ки талаботи ҳамарӯзаи аҳолист, аз ҷониби мутахассисони Агентӣ пайваста назорат карда мешавад.

Дар ин самт дар баробари таъсиси комиссияи назоратӣ аз ҳисоби роҳбарияти Агентӣ, инчунин, оид ба риояи қатъии қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ 5000 дона варақаҳои ранга бо навиштаҷоти «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад» дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе насб карда шуданд ва иқдоми мазкур идома дорад.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷиҳати истифодаи тарозуҳо ҳангоми харидории маҳсулоти ғизоӣ, бо иштироки мутахассисони раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак дар бозорҳои шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуда, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт ва ба тартиб даровардани истифодабарии «Тарозуҳои назоратӣ» бо роҳбарону масъулони бозорҳо таъкид ба амал оварда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки тавассути гузаронидани вохӯрӣ ва семинар - машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 20 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ ворид гардида ва несту нобуд карда шуд.

Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон пайваста чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.

 

ПАРВИЗ МУҲИБОВ,

сардори Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт