ХАБАРҲО
2023-05-11: Омўзиш оид ба фаъолияти кумитаҳои техникии байнидавлатӣ
Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Кумитаҳои техникии байнидавлатӣ дар ин замина рушди соҳаи стандартизатсия Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ бо иштироки мутахассисони раёсат, ки барои минбаъд ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кумитаҳои техникии байнидавлатӣ интихоб гардидаанд, санаи 29 марти соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ оид ба “Фаъолияти Кумитаҳои техникии байнидавлатӣ (КТБ)” ва фаъол гардонидани ҳамкорӣ бо кори онҳо баргузор гардид.
Семинари омӯзиширо Рустамзода М.Р. - муовини директор оғоз намуда мақсади баргузории семинар ва равнақ додани ҳамкориро бо Шўрои байнидавлати оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия давлатҳои аъзои ИДМ (ШБД) ва хусусан бо Кумитаҳои техникии байнидавлатӣ (КТБ) баён намуд. Мавсуф, ҳангоми баромад қайд намуда, ки масъалаи мазкур барои мутахассисони раёсат муҳим ва актуалӣ буда, фаъол намудани кор дар ин самт барои вусъат бахшидан рушди соҳаи стандартонӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Сипас, Нуруллозода Тоҳир –муовини сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар бораи Кумитаҳои техникии байнидавлати (КТБ) тариқи рунамо баромад кард. Ӯ дар баромадаш қайд дошт, ки айни замон 147 Кумитаи техникии байнидавлатӣ дар Бюро оид ба стандартонӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ стандартҳоро таҳия ва барои қабул ба Шӯрои байнидавлати оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия пешниҳод менамоянд. Дар аксарияти ин кумитаҳои техникӣ намояндаи Агентӣ аъзо буда, дар кори онҳо ширкат меварзанд. Ҳамчунин, дар баромад оид ба тартиби таъсис кумитаҳои техникии байнидавалатӣ, тариқи пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти онҳо ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Кумитаи техникии байнидавлатӣ маълумот доданд.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки тамоми фаъолияти кумитаҳои техникӣ тибқи муқаррароти стандарти байндавлатии танзимкунандаи соҳа ГОСТ 1.4 -2022 амалӣ карда мешавад ва фаъолияти Кумитаҳои техникии байнидавлатӣ бевосита ба таҳияи стандартҳои байнидавлатӣ (ГОСТ) равона гардидааст. Тибқи низоми муқарраргардида ҳар як давлати аъзо ҳуқуқи аъзогӣ ба КТБ-ро дошта, метавонад дар таҳияи стандарти байнидавлатӣ иштирок ва ба қабули он мусоидат намояд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки КТБ дар ҷаласаҳои соҳавии Шӯрои байнидавлатӣ иштирок намуда, дар бораи фаъолияти худ ҳамасолона тибқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамоянд. Ҳисоботи пешниҳодшуда барои ҳамаи давлатҳои аъзои Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ дастрас мебошанд.
Инчунин, Нуруллозода Т.Н. дар бораи истифодаи сомонаи Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ бо нишон додани манбаҳои иттилоотӣ барои кормандон баромад намуда, тамоми паҳлуҳои онро фаҳмонида гузашт.
Дар рафти семинар қайд гардид, ки барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ мондани ҳамкориҳои бо кумитаҳои техникии байнидавлатӣ оид ба таҳияи стандартҳо ва дар ин замина бемонеа дастрасии субъектҳои истеҳсолӣ ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ амалӣ саривақтӣ ба шумор меравад.
Дар семинар пешниҳод гардид, ки минбаъд барои истифодаи стандартҳои байнидавалатии қабулгардида дар Шӯрои байнидавлати оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, ки аз ҷониби кумитаҳои техникии байнидавалатӣ таҳия шудаанд, маълумот ба тарафҳои манфиатдор (субъектҳои хоҷагидор, хусусан истеҳсолкунандагон) саривақт дастрас карда шаванд. Маълумот оид ба қабули стандартҳои байнидавлатӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) дастгирӣ ёфта ва бо фармоиши директори Агентӣ барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд дар сомонаи Агентӣ ҷойгир карда шаванд. Ҳамзамон, барои минбаъд ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори соҳаи вобаста ба кумитаҳои техникии байнидавалатӣ, механизми ҷалби масъулини онҳо ба фаъолияти ин кумитаҳо масъалагузорӣ карда шуд.