ХАБАРҲО
2023-03-24: Тантанҳои Наврӯзӣ дар Агентии Тоҷикстандарт
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Агентии Тоҷикстандарт маросими тантанавии таҷлили Наврӯзи хуҷастапай – Соли нави аҷдодӣ бо иштироки роҳбарият ва доираи васеи кормандон баргузор гардид. Ин ҷашни пурфараҳро кормандони Тоҷикстандарт бо шукргузорӣ аз фазои истиқлолу озодиву ободӣ истиқбол намуда, гирди дастурхони пурфайзи наврӯзӣ ҷамъ омаданд.
Бахшида ба ҷашни Наврӯз қаблан гирду атроф ва роҳраву гулгаштҳои назди бинои Агентӣ ва марказҳои зертобеъ тоза карда шуда, овозаҳои марбут ба Наврӯз дар назди биноҳои маъмурӣ насб шуданд.
Директори Агентӣ Абдулваҳобзода Темурҷон зимни сухани табрикоти бо камоли фараҳмандӣ ҳозиринро ба ифтихори иди зебои табиат, иди миллиамон – Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон бахти фирӯз, файзи рӯзгор ва бурдборӣ таманно намуд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷаҳонишавии Наврӯз ва ҷашни байналмилалӣ эълон шудани он барои мо - мардуми орёитабор муждаи фараҳбахшест. Бо кӯшишҳои пайгиронаи авлодони хирадманду бономусу сарбаланди гузаштаи мо Наврӯз арзишҳои суннатӣ ва оинҳои мардумии худро гум накард. Ва ин иди пуршукӯҳ то насли соҳибистиқлол расид ва то имрӯз бо анъанаҳои нек густариш меёбад.
Ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштани ифихорӣ миллӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик яке аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии халқҳои форсизабон ва миллати тоҷик аст, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо расидааст.
Дар байни ниёгонамон расм шуда буд, ки дар айёми Наврӯз хусумату кинаҳоро аз дилҳо берун месохтанд, дасти нотавону дармондагонро мегирифтанд, ба онҳо дасти ёрӣ мерасониданд. Аз ин рӯ, ба истиқболи Наврӯз, ки башорати рӯзи нав, фасли нави нозанин, эҳёи табиат, махсусан замин аст, мардуми мо манзилу кошона, кӯчаву хиёбонҳоро тозаю обод менамоянд, зеро файзу баракат дар тозагию озодагӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тантанаҳои пуршукӯҳи наврӯзӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабиниҳои гуногуни идона иборат буд. Дар доираи пешниҳоди «Гӯшаи наврӯзӣ» байни раёсату шуъбаҳои Агентӣ озмунҳои «Беҳтарин таоми миллӣ», «Вазнбардори беҳтарин», «Нақли буррои порча аз китоби “Тоҷикон”, «Дастаи футболбози беҳтарин» ва мусобиқаҳои хурди варзишӣ гузаронида шуда, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, як зумра сарояндагони шинохта ба базми наврӯзӣ шукуҳу шаҳомати идона бахшиданд.