ХАБАРҲО
2023-03-13: Нақлиётҳои барқӣ дорои ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мегарданд
9-уми феврали соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт бо масъулини вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷати меъёрии техникӣ оид ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода С.Ҷ., сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода С.А., муовини сардори раёсат Нуруллозода Т., директори технопарки ДТТ ба номи М.Осимӣ Мамадамон Абдулло, муовини директори КВД “Маркази сертификатсия-кунонии кор ва хизматрасонӣ соҳаи нақлиёт” Ахунов Ҷамшед, директори “Душанбенақлиётхадамот” Ғаниев Ҳамзаалӣ, мутахассиси пешбари раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт Нуралихонзода Содиқҷон, сардори шуъбаи рушди хизматрасонии логистикии Вазорати нақлиёт Гулямов Камол ва сармутахассиси РСММХ Вазорати саноат ва технологияҳои нав Акобиров Д. иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора Ҷалол ифтитоҳ намуда, мақсади ҷамъомадро баён карданд. Аз он ҷумла қайд намуданд, ки Агентии Тоҷикстандарт дар асоси дархости Вазорати нақлиёт ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таҳияи ҳуҷҷати меъёрии техникӣ оид ба воситаҳои нақлиёти барқӣ зарур шуморид, ки дар ин самт гурӯҳи кории байинидоравиро таъсис диҳад.
Дар идома иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 ,№532 Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 қабул гардид. Дар банди 2 нақша чорабинии татбиқи барномаи мазкур таҳия ва пешниҳоди санади меъёрии техникӣ пешбинӣ гардидааст. Дар иҷрои ин банд Вазорати нақлиёт бо Агентии Тоҷикстандарт бо дигар вазорату идораҳо вазифадор гаштаанд.
Баъдан сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода Суҳроб дар робита ба масъалаи раванди таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ- стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар ҷумҳурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ суханронӣ кард.
Дар робита ба масъалаи матраҳ гардида Мамадамон Абдулло-директори технопарки ДТТ ба номи М.Осимӣ иброз намуданд, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати меъёрии техникӣ бояд масъалаи безараргардонии аккумулияторҳои истифодашаванда дар нақлиёти барқӣ ба инобат гирифта шавад.
Ҳамчунин, дар машварат тарафҳои манфӣ ва мусбии нақлиёти барқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Хотирнишон бояд сохт, ки нақлиёти барқи ин маҳсулоти нав буда, нисбат ба он дар ҷумҳурӣ ягон ҳуҷҷати меъёрии техникӣ қабул ва мавриди амал қарор дода нашудааст.
Ҳамин тариқ, дар ҷамъомад ба хулосае омаданд, ки дар ин самт дар ҷумҳурӣ регламенти техникӣ қабул карда шуда, барои таҳияи ин ҳуҷҷати меъёрии техникӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, бо фармоиши Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда шавад.
Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд шахсони масъули худро барои шомил намудан ба гурӯҳи корӣ расман пешниҳод намоянд. Вазифаи таҳияи ҳуҷҷати мазкур ва дарёфти кумаки техникӣ дар робита ба ин масъала ба зиммаи Вазорати нақлиёт вогузор карда шуд.