ХАБАРҲО
2023-03-01: Машварати корӣ оид ба баланд бардоштани маърифати хизматчии давлатӣ
Имрӯз, дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи кории назди муовини директори Агентӣ Сафарзода Мансур оид ба баррасии масъалаҳои баланд бардоштани маърифати интизоми хизматӣ, риояи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешгирӣ аз ҳолатҳои ба амал омадан омилҳои коррупсионӣ ва вусъат додани ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ баҳри дастгирии соҳибкорон ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ, баргузор гардид. Дар кори он сардори раёсату шуъбаҳои таъминоти метрологӣ, сардори нозироти савдо ва муовини сардори нозироти савдо, инчунин, дигар кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Машварати кориро Сафарзода Мансур оғоз намуда, таъкид ба амал оварданд, ки дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва Агентӣ дар ин самт фаъолияти худро ҷиҳати таъмини сифат ва рақобатпазирии маҳсулот амалӣ менамояд. Қайд карда шуд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар самтҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таъкиди қатъӣ намуданд.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ ҳамасола дар Агентӣ тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла, гузаронидани семинар-машваратҳо, таъмини истеҳсолкунандагон бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ андешида мешаванд.
Дар идомаи суханронӣ муовини директор иброз намуданд, ки бо вуҷуди чунин корбарӣ, мутаассифона имрӯзҳо аз ҷониби баъзе аз нозирони давлатӣ дар раванди фаъолият ҳолатҳои риоя нагардидани уҳдадорихои мансабӣ ва одоби хизматчии давлатӣ ҷой дорад, ки ин ҳолат ба номи мақомот иснод меорад. Қайд гардид, ки бояд чунин қонунвайронкуниҳо фавран пешгирӣ карда шаванд. Дар ин робита ба сардорони раёсату шуъбаҳо дастуру супоришҳо мушаххас дода шуд. Аз он ҷумла, таъкид ба амал оварда шуд, ки бештар бо гузаронидани семинару машваратҳо ва мизҳои мудаввар бо истеҳсолкунандагон, умуман соҳибкорон аз наздик суҳбат намуда, оид ба камбудию норсоиҳои ҷойдошта дар фаъолияташон тавсияҳо дода шавад.
Доир ба масъалаи баррасишаванда, сардори Раёсати таъминоти метрологӣ Раҳимзода Ҷурахон оид ба риояи одоби хизматчии давлатӣ ва муошират бо соҳибкорон андешаҳои худро баён дошт. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолиятро бояд боз ҳам тақвият диҳем. Имрӯз роҳбарият барои пешбурди фаъолияти бонизом ҳамаи шароитҳои кориро муҳайё намудаанд ва танҳо бо дасту дили пок фаъолият намудан лозим аст.
Дар идома ҷаласа Муҳибов Парвиз сардори нозироти савдо оид ба масъалаи мазкур чунин суханронӣ намуд: “Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад, инчунин, шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад”. - Вобаста ба ин, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва риояи қоидаҳои савдо дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои кишвар тасмим гирифтаем, ки корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни истеҳсолкунандагон, истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагони молу маҳсулот тақвият бахшем. Аз ин рӯ моро мебояд, ки дар иҷрои уҳдадориҳои худ содиқона фаъолият намоем, -қайд кард Парвиз Муҳибов.
Дар охир таъкид шуд, бо кормандоне, ки бевосита дар субъектҳои хоҷагидор санҷиш ва назорати давлатиро амалӣ месозанд, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда шавад, зеро кормандон ҳамчун хизматчии давлатӣ бояд мақсади гузаронидани санҷишро дуруст дарк намоянд.
Фирдавси Абдураҳмон