ХАБАРҲО
2023-03-01: Машварат баҳри гузаронидани озмуни маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 6-уми моҳи феврали соли равон, дар Агентии Тоҷикстандарт ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соли 2023, ҳамчунин, фароҳам овардани шароит ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора Ҷалол оғоз намуд. Ӯ қайд дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт озмуни ҷумҳуриявии “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тайи чандин сол аст, ки баргузор карда мешавад. Имсол низ дар сатҳи ҷумҳурӣ арзанда баргузор кардани озмун, мо бояд омодагӣ бинем.
Ҳадаф аз баргузории озмун ин тақвият бахшидан ба рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ, ҳамзамон, муаррифии маҳсулоти ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯи ватанӣ ва имкониятҳои истеҳсол мебошад. Дар озмун ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаву ташкилоти хизматрасонӣ иштирок карда метавонанд. Ғолибони озмун имкон доранд, ки барои дарёфти ҷоизаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ширкат варзанд.
Дар идома сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашӯрзода Суҳроб иброз намуд, ки озмун тибқи Низомномаи мазкур, ки бо Фармоиши Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.
Ғолибони озмун бо ҷоизаҳои Лауреат, Дипломант ва ҷоизаҳои махсус мукофотонида мешаванд. Ба Лауреатҳо ҳуқуқи сабти нишонаи озмун дар маҳсулот ва бандубасти он, инчунин, ҳуқуқи истифодаи онро дар маҳсулот ва маводҳои рекламавӣ дар давоми ду сол пас аз гирифтани унвон дода мешавад.
Ба корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар озмун иштирок намудаанд дипломҳои озмун дода мешавад.
Ба корхонаҳо ва ташкилоти фаъол, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, аммо ба гирифтани ҷоизаҳои Лауреат ва Дипломант муваффақ нагардидаанд, дар асоси пешниҳоди ҳакамон бо ҷоизаҳои махсус мукофотонида мешаванд. Ҷоизаҳои махсус метавонад бо номҳои гуногун, аз тарафи Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ҳакамон номгузорӣ карда шаванд.
Финалистони озмун бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Хотирнишон бояд сохт, ки иштирок дар озмун ихтиёрӣ мебошад.
Иттилоот оид ба лауреатҳо ва дипломантҳои озмун дар маҷаллаи «Стандарт ва сифат» ва рӯзномаи соҳавии “Стандарт” ва дигар ВАО ҷойгир карда мешаванд.
Дархостҳо то 20-уми марти соли 2023 қабул карда мешавад.
Дар охири ҷаласа барои ҳавасмандкунии иштирокчиён ва ғолибони озмун, инчунин, имтиёзҳо дар кору фаъолияти онҳо Сафарзода Комил - сардори шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ, таклифу пешниҳодҳои муфид ироа кард.