ХАБАРҲО

2023-02-05: ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ

Имрӯз, дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки муовини директори Агентӣ Сафарзода Мансур, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгои марказӣ ва таърихшинос устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдуҳамидов Нурмуҳаммад омӯзишӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Нахуст муовини директори Агентӣ Сафарзода Мансур баромад кард. Ӯ зимни баромади худ иброз намуд, ки Пешвои миллат чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил карда, оид ба таҳлили вазъи иқтисодии кишвар, саҳми соҳибкорон дар бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ ва иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ, зиёд гардидани музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо, баланд бардоштани андозаи нафақаи заминавӣ, рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ, роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ намуданд.

Сипас, дар идомаи ҳамоиш таърихшинос Абдуҳамидов Нурмуҳаммад суханронӣ намуд. Мавсуф қайд дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Баррасии дастовардҳои ин давра, ки дар паёми Пешвои миллат ироа шуданд, шаҳодати он аст, ки тайи ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор, вале созандаро тай намуда, имрӯз ба як кишвари устувор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихии давлат ва мардуми мост. Яке аз хусусиятҳои асосии паёми имсола дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Дар охир дигар иштирокдорон низ баромад карда, роҷеъ ба паҳлуҳои мубрами Паём ибрози андеша намуданд.