ХАБАРҲО
2023-02-05: Хониши идоравӣ ва такмили ихтисос дар Агентии Тоҷикстандарт
ХОНИШИ ИДОРАВӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Ҷаҳони муосир аз ҳар як мутахассис ҳамқадами замон буданро тақозо мекунад ва ҳар як соҳибтахассусро водор месозад, ки аз навгониҳои соҳаи худ огоҳ бошад ва онро баҳри пешбурди фаъолият ва иҷрои вазифаҳо истифода бурда тавонад ва дониши баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошта бошад. Бо дарназардошти талаботи ҷаҳони имрӯза дар паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба масъалаи таъмини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бо мутахассисони баландихтисос ва такмили ихтисосу сатҳи забондонии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, таъкид гардид, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ манфиати Тоҷикистонро кадрҳои баландихтисос бояд ҳимоя намоянд.
Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, машғулиятҳои иловагии идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова ба ин семинарҳои омӯзишӣ баҳри такмили ихтисоси мутахассисон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии соҳибкорон ташкил карда шуданд, ки дар он моҳияти қонунҳои соҳа, санадҳои меъёрӣ-техникӣ ва регламентҳои техникӣ омӯзонида мешаванд.
Дар асоси нақшаи тасдиқшуда мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла, омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, одоби муошират бо шаҳрвандон. фарҳанги либоспӯшӣ, рияои интизоми меҳнат, муоширати байни хизматчиёни давлатӣ, инчунин омӯзиши талаботҳои қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ бо ҷалби мутахассисон ба роҳ монда шудааст.
Илова бар ин тибқи нақша бо ҷалби олимон ва коршиносони соҳа дар мавзӯҳои гуногун машғулиятҳои омӯзишӣ бароҳ монда шудааст, ки барои баланд гаштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии мутахассисон, риояи талаботҳои одоби хизматчии давлатӣ, васеъ гаштани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, дар маҷмӯъ, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва такмили ихтисоси онҳо мусоидат мекунад.