Нозироти савдо

Назорати ќоидањои савдо

Нозирот яке аз воњидњои сохтории дастгоњи марказии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд Агентї) буда, оид ба риояи ќоидаву меъёрњои савдо ва хўроки умумї тартиби истифодабарии нархгузорї барои гурўњи молњои алоњида, сифату бехатарии мањсулот ва хизматрасонї дар бозори истеъмолї назорати давлатї мебарад.

Объектњои назорати давлатии Нозирот тибќи вазифањои ба ўњдаи он гузошташуда корхонањо муассисањо, ташкилотњо новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, инчунин шањрвандоне ба њисоб мераванд, ки ба истењсолу фурўши маводњои хўрока, молњои ниёзи мардум ва хизматрасонї машѓуланд.

Дар фаъолияти худ Нозирот мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњои конститутсионии Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон, амри Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњо ва супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Низомномаи Агентии Тољикстандарт, амру фармонњои директори Агентии Тољикстандарт, санадњои меъёрии њуќуќї, ки рушди тиљоратро дар Љумњурии Тољикистон танзим менамоянд ва аз рӯи низомномаи мазкур амал менамояд.

Нозирот фаъолияти худро дар њамкорї бо дигар воњидњои сохтории Агентї, маќомотњои иљроияи мањалии њокимиятњои давлатї, маќомотњои назорати давлатї ва маќомотњое, ки риояи ќонунњоро дар бахши бозори истеъмолї назорат мекунанд, ба роњ мемонад.

Ташкил ва гузаронидани назорати давлатї оид ба риояи меъёру ќоидањои савдо ва хўроки умумї, сифат ва бехатарии молњои ниёзи мардум;
ба роњ мондани фаъолият доир ба пешгирии кирдорњои суиистифода дар соњаи савдо, хўроки умумї ва роњ надодан ба воридшавии молњои бесифат ба бозори истеъмолї.

Амалї намудани чорабинињо оид ба њимояи њуќуки истеъмолкунандагон дар соњаи савдо, хўроки умумї ва хизматрасонї.

Нозироти савдо мутобиќи вазифа ва ўњдадорињои ба зиммааш гузошташуда њимояи њуќуќи истеъмолкунандагонро тибќи ќонунгузорї ва санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

Ба саволњои шумо мо метавонем бо тел: 233-51-67 љавоб гардонем.