Сертификатсияи маҳсулот

Раёсати бањодињии мутобиќат

Сохтор

Дар сохтори Раёсат шуъбањои зерин фаъолият мекунанд:
1.Шуъбаи сертификатсияи мањсулот
2.Шуъбаи менељменти сифат
3.Шуъбаи шањодатномадињии кору хизматрасонї

Самти фаъолият

Раёсати бањодињии мутобиќат фаъолияти худро тибќи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон-Эмомалї Рањмон, Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, ќонуну ќарорњои амалкунандаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар њуљљату санадњои меъёрї-њуќуќї аз љумла, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањодињии мутобиќат», ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №310 аз 18.07.2012с. «Дар бораи Номгўи молњо(кор, хизматрасонї), ки бояд њатман сертификатсия карда шаванд», Регламентњои техникии Љумњурии Тољикистон дар бораи «Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї», «Бехатарии масолењ ва маснуоти сохтмонї», «Бехатарии таљњизоти пастшиддат», Фармоиши якљояи Сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон «Тартиби ба њудуди гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намудани мањсулоти њатман сертификатсияшаванда» ба роњ мондааст.

Дастовардњо

Дар давоми семоњаи аввали соли 2017 аз тарафи раёсат нисбати 6948 партия молу мањсулот, аз љумла 4516 партия молу мањсулоти воридотї, 498 партия молу мањсулоти содиротї ва 1934 партия молу мањсулоти истењсоли ватанї, корњои сертификатсионї гузаронида шуда ба ин молу мањсулот сертификати мутобиќат дода шуд, ки ин нисбати соли гузашта мутаносибан 99%, 95%, 101% ва 113%-ро ташкил медињад. Сабаби кам шудани молу мањсулоти воридотї, асосан ба буњрони молиявї, зиёд гаштани истењсолоти молу мањсулот дар љумњурї ва таъмини бозори дохилї бо мањсулоти ватанї вобастагї дорад.

Дар Раёсат кор тибќи талаботњои Регламентњои техникї ба роњ монда шудааст, аз љумла љињати татбиќи регламентњои техникии «Тамѓагузории мањсулоти хўрокворї», «Бехатарии мањсулоти хўрокворї», «Бехатарии гўшт ва мањсулоти гўштї», «Бехатарии шир ва мањсулоти ширї» дар Раёсат ва шуъбањои марказњои зертобеъ бо мутахассисон корњои фањмондадињї гузаронида шуд. Инчунин, дар масъалаи намунагирї ва пешнињоди намунањо аз тарафи мутахассисон тавассути таѓйир додани низоми фаъолият масъалаи мазкур ба танзим дароварда шуд ва дар ин самт бо масъулини зерсохторњо низ суњбатњо гузаронида шуд.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар Раёсат фаъолият ба танзим дароварда шуда оид ба таќвияти њамкорї бо соњибкорон, маќомоти гумрук ва зери назорати љиддї ќарор додани мањсулоти ѓизоии ба саломатї хатарнок як ќатор чорањо амалї шудаанд. Масалан оиди пешгирии воридоти мањсулоти ба саломатї хатарнок, воридоти зиёда аз 14782 кг хамиртуруш, 9020 кг мурѓи бутун, 50789 кг мањсулоти ќаннодї, 50680 кг ќайлаи помидор 34801кг чойи сиёњ, 53636кг шири хушк, 5000кг хурмо ва ѓайрањо, манъ карда шуд. Воридоти пусти мурѓ, чарбуи чорво ва равѓани гусфанд пурра манъ гардидааст.

Раёсати бањодињии мутобиќат минбаъд низ љињати дастгирии соњибкорї ва дар ин замина барои аз байн бурдани монеањои техникї дар савдо тавассути низоми «Равзанаи ягона» тадбирњои мушаххас меандешад.

Дар самти дастгирии соњибкорони ватанї ва зиёд гаштани истењсолоти дохилї низ як ќатор корњо амалї шуда истодаанд, ки дар ин замина воридоти як ќатор молу мањсулот нисбати семоњаи аввали соли гузашта коњиш ёфт. Масалан, гушти чорвои калони шохдор 112 тонна (33%), орди гандумї 21880 тонна (67%), семент 13699 тонна (70%), арматура 5352 тонна(75%) кам гардидааст. Барои сари ваќт анљом додани корњои сертификатсионї нисбати молу мањсулоти содиротї дар Раёсат навбатдорї ташкил карда шудааст, ки дар рузњои ид ва рузњои истироњатї низ дархости соњибкорон ќабул карда мешавад. Вобаста ба ин, нисбати 10510 тонна меваю мањсулоти содиротї корњои сертификатсионї гузаронида шуда ин мањсулотњо соњиби сертификати мутобиќат гардиданд. Бо маќсади иљрои банди 4 Протоколи №5/5-7 Љаласаи корї дар назди Муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон оиди мањсулоти содиротї њар дањрӯза ба Вазорати кишоварзї маълумот пешнињод шуда истодааст.

Дар семоњаи аввали соли 2017 аз тарафи мутахассисони шуъбаи менељменти сифат низ як ќатор корњо ба анљом расидааст. Дар 8 корхонаҳои ватанї корхои сертификатсионї ба сомон расонида шуд, аз љумла, дар 6 корхона тибќи талаботи стандартњои силсилаи ИСО 9001-2008 «Системаи идоракунии сифат» ва дар 2 корхона, тибќи талаботи стандарти НАССР, СБД Б ЉТ 14070-2013 «Тањлили хатарњо ва назорат дар нуќтаҳои тањдидомез». Айни њол нисбати 13 корхонањои ватанї корњо дар ин самт идома доранд. Инчунин кормандони ин шуъба дар 10 корхонањои ватанї нисбати 20 нафар кормандон омўзишї стандарти ИСО 22000 ва НАССР - ро ба роњ монданд.

Айни њол дар фењристи давлатии низоми идоракунии сифат 144 корхонањои ватанї ба ќайд гирифта шудаанд, ки дар онњо стандарти байналмиллалии силсилаи ИСО 9000 ва НАССР љорї карда шудааст.

Њамкорињо


1.Шурои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ.
2.Шурои љамъиятии машваратї оид ба стандартонї ва бањодињии мутобиќат.
3.Зиёда аз 10 ташхисгоњњои аккредитатсияшудаи мањсулоти гуногун дар љумњурї
4. КВД «Маркази Равзанаи ягона»

Хизматрасонињо


1.Сертификаткунонии молу мањсулоти ба љумњурї воридгардида ва молу мањсулоти истењсоли ватанї
2.Сертификаткунонии корхонањои ватанї тибќи талаботи стандартњои силсилаи ИСО 9000 ва НАССР
3.Шањодатномадињии кору хизматрасонињо дар нуќтањои савдо, тарабхонањо, мењмонхонањо ва ѓ.

Тамос

Сардори Раёсати бањодињии мутобиќат

Саидзода Айниддин 

Тел: (+992 44) 600 8130

Факс: (+992 37) 233-44-99

e-mail: info@standard.tj