Президент

ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017, шаҳри Душанбе

 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.
Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ мегардад.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ҳалли масоили вобаста ба об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод кард. Дар натиҷа, тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.
Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд. Бо такя ба ин усул мо метавонем ҳамкориҳоямонро дар соҳаи амният низ густариш бахшида, якҷо бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем. Итминон дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад. Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар соли 2018 ба дӯш гирифтааст. Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад.
Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мо мебошанд. Мо минбаъд низ ҳамкориҳоро дар чунин рӯҳияи созанда бо ҳамаи кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.
Мо чунин мешуморем, ки кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон беҳтарин роҳи истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ва таъмини амният дар минтақа мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳанд. Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории беғаразонаро бо Ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ҳамаи ин соҳаҳо тақвият бахшад.
Ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дорад. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳими байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем. Дар баробари ин, кишвари мо бо мақсади фаъол гардидани муносибат ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ тадбирҳо меандешад.
Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир боиси афзоиши аҳамияти дипломатияи иқтисодӣ гардидаанд. Аз ин рӯ, истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои дахлдори он бошад.
Ҳукумати мамлакат бояд дар татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Зарур аст, ки дар самти пешбурди ҳамкориҳои минбаъда бо мамлакатҳои хориҷӣ вазорату идораҳо фаъолияти худро ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва технологияҳои нав, ҳарчи пурсамар роҳандозӣ намоянд. Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад.
Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд. Ба ин хотир, Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ҳадафу вазифаҳои сиёсати хориҷӣ ва густариши робитаҳои бисёрсамта бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳарчи бештар талош намояд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст. Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем. Бо ин мақсад, дар кишвар заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018 - 2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар Паёми соли гузашта дастовардҳои Тоҷикистонро дар давраи бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ муфассал баён карда будам. Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои соли оянда ҷалб намоям.
Соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки натиҷаи ду соли татбиқи барномаро ҳаматарафа таҳлил карда, минбаъд ҳамаи имкониятҳои мавҷударо барои сифатнок амалӣ гардондани он сафарбар намояд. Ҳамзамон бо ин, самаранокӣ ва қобилияти рақобати ҳамаи иқтидорҳоро ба таври назаррас баланд бардошта, ислоҳоти соҳаҳои иқтисоди миллиро идома диҳад.
Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади Буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид.
Ҳарчанд ки дар 11 моҳи соли 2017 содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,4 фоиз афзоиш ёфта, воридот 10 фоиз кам шудааст, вале ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад, зеро ҳоло ҳам қисми зиёди маҳсулот бе коркарди ниҳоӣ содирот карда мешавад. Бинобар ин, ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезондани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар Буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 - уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҷиҳати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорат ва таъмини шаффофияти хароҷоти он ҳоло ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Дар раванди татбиқи ин ислоҳот мо буҷетеро роҳандозӣ мекунем, ки он ба рушди мамлакат нигаронда шудааст. Буҷети рушд дар баробари иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии афзояндаи давлат ба густариши фаъолияти инноватсиониву сармоягузорӣ, татбиқи босифати барномаҳои соҳавӣ ва бунёди иншооти инфрасохторӣ мусоидат менамояд.
Барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвият бахшидани корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд. Дар ин раванд, бояд ба усулҳои муосири арзёбии стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва самаранокии он татбиқ карда шавад.
Амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба танзими тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад, ки самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ беҳтар гардида, назорати истифодаи шаффофи молияи давлатӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ таъмин карда шавад. Чунин тадбирҳо ба такмили раванди маблағгузорӣ дар маҳал низ мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2017 ба 5,3 миллиард сомонӣ расида, дар он ҳиссаи дастгирӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 16,7 фоизро ташкил намуд. Бо вуҷуди ин, таҳлили сифати иҷрои буҷет ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳад, ки имкониятҳои воқеии маҳалҳо ба назар гирифта намешаванд. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, инчунин ташаккули сарчашмаҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бо мақсади боз ҳам сода, сабук ва шаффоф гардондани ҷараёни андозсупорӣ Ҳукумати кишварро зарур аст, ки вобаста ба такмили низоми маъмурикунонии андоз чораҷӯӣ намояд. Дар баробари ин, бояд шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва механизми ҷамъоварии маълумот мукаммал гардонда шаванд.
Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем.
Соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016 - ум 4 фоиз коҳиш ёфт. Чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ба амал омад. Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонда шуданд. Вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардондани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” - ро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд.
Пасандозҳои ташкилотҳои қарзӣ ба санаи 30 ноябри соли 2017 маблағи қариб 9 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 - ум 464 миллион сомонӣ ё 5 фоиз кам шудаанд. Таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017 нишон медиҳад, ки ҳаҷми он ба соҳибкории истеҳсолӣ ҳамагӣ 4 фоиз ва ба соҳаҳои хизматрасонӣ 43 фоиз зиёд шудааст. Чунин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва, махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти гузарондани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад. Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардондани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар ин самт инфрасохтори зарурӣ бояд бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде соли сипаришуда шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5 фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ба ҳол 95 фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад. Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо чораҷӯӣ намояд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин ҷалби бештари сармоя, ба ин соҳа ҳадди ақали сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шавад.
Тайи ду соли охир ба иқтисоди миллӣ аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона ва азхуд карда шудааст, ки 6 миллиард сомонии онро маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ҷиҳати амалӣ гардондани 26 лоиҳа барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ 40 созишномаи қарзиву грантӣ ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ба имзо расида, татбиқ шуда истодааст. Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд назорати ҷиддиро дар самти татбиқи босифату шаффоф ва саривақтии лоиҳаҳо ба роҳ монад.
Тибқи санадҳои барномавӣ ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармоягузории умумӣ то соли 2020 ду баробар афзоиш дода мешавад. Чунин ҳадаф моро водор месозад, ки ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо эътибори аввалиндараҷа диҳем. Вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо бояд таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ фаъол гардонда шавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат бояд усули арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз рӯи саҳми онҳо дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардондани сармоягузории хусусӣ ҷорӣ намояд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкили марказҳо ва курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва малакаи онҳо чораҳои мушаххас андешад. Дар баробари ин, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳаматарафа омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.
Дар мулоқоте, ки 14 - уми октябри соли ҷорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор шуд, масъалаҳои вобаста ба бурду бохти соҳа муфассал таҳлил гардида, ҳамаи пешниҳодҳои соҳибкорон омӯхта шуданд ва ҳоло нақшаи чорабиниҳо амалӣ шуда истодааст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки бо вуҷуди дастгирии ҳаматарафаи давлат ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузорӣ аз ҷониби баъзе субъектҳои соҳибкорӣ ба назар мерасанд. Дар натиҷаи санҷишҳои дар солҳои 2016 - 2017 гузарондашуда маълум гардид, ки маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор пинҳонкардашуда 1,6 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат аз 27 майи соли 2017 бояд аз ҳисоби чор сохтору хадамоти Вазорати кишоварзӣ - Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ таъсис дода шавад. Таъсис додани сохторҳои зикршуда ба кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст. Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.
Вакилони муҳтарам!
Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Хотиррасон менамоям, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад. Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд. Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад.
Соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои гуногун 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи кор бунёд ва ба истифода супурда шуд. Дар ин давра истеҳсоли риштаи пахтагин 2,8 баробар, қолин ва маҳсулоти он 1,6 баробар ва газворҳо 42 фоиз афзуд, ки натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати кишвар дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки барои таъмини коргоҳҳои нассоҷӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани нахи пахта тадбирҳои иловагӣ андешида, истеҳсоли пахта дар мамлакат мунтазам афзоиш дода шавад.
Таҳлили сохтори маҳсулоти саноатӣ нишон медиҳад, ки дар кишвар истеҳсоли ангишт бомаром афзоиш ёфта, соли ҷорӣ бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,7 миллион тонна расонда шуд.
Дар соли 2017 бо вуҷуди 21 фоиз таъмин шудани рушди саноат истеҳсоли 36 намуди маҳсулот кам шудааст. Чунин вазъ иҷрои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуниро мушкил мегардонад. Тибқи таҳлилҳо, рушди содирот асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатии солҳои охир бунёдгардида таъмин шуда истодааст. Танҳо дар зарфи солҳои 2016 - 2017 содироти маҳсулоти маъдан дую ним баробар афзуда, ҳиссаи он зиёда аз 45 фоизро ташкил додааст. Яъне, гуногуншаклии содирот ҳоло ҳам дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидааст, ки ин вобастагии кишварро аз омилҳои берунӣ зиёд мегардонад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат бояд ҷиҳати гузарондани таҳлили имкониятҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бо арзиши баланди иловашуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот чораҷӯӣ карда, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» - ро таҳия намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд.
Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз куҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди ин неругоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Барои бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” соли 2017 - ум аз ҳамаи манбаъҳо 4 миллиарду 700 миллион сомонӣ харҷ гардид ва дар соли 2018 ба ин мақсад қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, ҳоло барои навсозии системаи энергетикии кишвар ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дошта, дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа беш аз 21 миллиард сомонӣ (яъне 2 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ) равона гардидааст.
Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин намоем. Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф, кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.
Бинобар ин, Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки доир ба такмили низоми ташкиливу идоракунии таъминот бо барқ, аз ҷумла оид ба таҷдиди сохтори ширкати «Барқи Тоҷик», баҳисобгирӣ, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи он тадбирҳои зарурӣ андешад.
Тарифи миёнаи як киловатт - соат неруи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон 30 дирам, Россия 38 - 40 дирам, Беларус 44 - 45 дирам, Ӯзбекистон 53 - 55 дирам, Арманистон - 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла Дания, Олмон, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8 - 3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт - соат барқ ҳамагӣ 17 дирамро ташкил медиҳад.
Вакилони муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардондааст. Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдиди роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа, Хуҷанд - Исфара, Кӯлоб- Шамсиддини Шоҳин, Шкев - Қалъаихумб, Темурмалик - Балҷувон - Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди роҳҳои мошингарди Обигарм - Нуробод (86 километр), Қалъаихумб - Ванҷ (93 километр), қитъаи Ҳуҷанд - Конибодоми роҳи Хуҷанд - Исфара (130 километр), Қӯрғонтеппа - Данғара - Кӯлоб (155 километр) ва, дар маҷмӯъ, беш аз 500 километр дар марҳалаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор доранд.
Тибқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хубро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардид. Вале бо вуҷуди ин, мо бояд дар самти бунёди роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани онҳо корҳои зиёдро ба анҷом расонем.
Чунонки дар Паёми соли гузашта иброз намудам, дар давраи миёнамуҳлат таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингарди ба меъёрҳои замонавӣ мувофиқ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки таъмиру таҷдид ва нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ ва шаҳраку деҳот вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошад ва дар ин самт корҳо бояд тақвият дода шаванд. Вобаста ба ин, Вазорати нақлиёт якҷо бо дигар сохтору мақомот оид ба ташкили терминалҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои логистикӣ, долонҳои нақлиётӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани хизматрасониҳо лоиҳаҳои дахлдорро таҳия ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ намояд.
Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои мукаммал гардондани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ намояд. Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ фаъолияти гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши сифати маҳсулоти воридотӣ дар 196 ширкати тиҷоратӣ нишон дод, ки ба кишвар ҳамасола 500 - 600 тонна бозичаҳои гуногун аз 20 давлати дунё ворид мешаванд, ки 90 фоизи онҳо аз рӯи сифат ба талаботи бехатарӣ мувофиқ нестанд ва ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд.
Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз зарур аст. Дар робита ба ин, соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шавад. Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд.
Солҳои охир истеҳсоли меваю сабзавот афзоиш ёфта истодааст, вале содироти он дар 11 моҳи соли равон 23 фоиз кам шудааст. Аз ин бармеояд, ки сарфи назар аз талаботи зиёди шарикони асосии тиҷоратиамон ба меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи мо, имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва содироти онҳо ба таври зарурӣ истифода нашудаанд ва сохтору мақомоти марбута дар ҳалли ин масъала бояд мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад.
Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникии парвариши зироатҳо ғайриимкон мебошад. Дар панҷ соли охир беш аз 10 ҳазор техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 миллион сомонӣ ворид карда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 миллион сомонӣ имтиёзҳо татбиқ гардиданд. Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда мешаванд, ки корро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак доир ба истеҳсоли техникаи таъйиноти кишоварзӣ дар дохили кишвар ба роҳ монанд. Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, махсусан баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, чораҷӯӣ намоянд.
Дар баробари ин, дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардондани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигарондашуда тадбирҳо андешида шаванд. Дар ин ҷода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои логистикӣ ва сардхонаҳо, инчунин беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ (маркетинг) низ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.
Ҳозирини муҳтарам!
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ, ба ҳисоб меравад. Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Аммо сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳамоно беҳбудӣ металабад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Айни ҳол дар қонунгузории мо муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони кишварҳоеро, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми раводид доранд, то 3 рӯз муайян шудааст. Таҷриба ва омӯзиш нишон медиҳад, ки муҳлати зикршуда барои шаҳрвандони хориҷӣ кофӣ нест. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаи то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарори дахлдор қабул намояд. Раванди додани раводид бе муҳайё сохтани инфрасохтори дахлдор дар сарҳади давлатӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба шабакаи ягона пайваст карда, низоми идоракунӣ такмил дода шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки масъалаи мазкурро дар муҳлати ду моҳ ҳаллу фасл намояд.
Ба Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш дода мешавад, ки барои инкишофи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ, омода намудани маводи иттилоотӣ ва хатсайрҳои нав дар мавзеъҳои гуногуни кишвар, инчунин такмили қонунгу