Шуъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум
Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар молҳои ниёзи мардум
Сохтори шуъба
Шуъба аз сардор, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон иборат буда, дар сохтори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ мебошад.
Самти фаъолияти шуъба
1. Гузаронидани назорати давлатӣ ба инобат гирифтани ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ новобаста аз шакли моликият.
2. Гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз лоиҳакашӣ то несту нобудсозии он.
3. Иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ, сертификатсия ва намудҳои гуногуни ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда.
4. Амалӣ намудани кумаки ташкили методӣ ба корхонаҳои назоратшаванда дар соҳаи бамеъёрдарорӣ ва стандартонӣ дар ҳамаи марҳилаи истеҳсоли маҳсулотҳои молҳои ниёзи мардум.
5. Бо мақсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи бехатарии молу маҳсулот шуъба метавонад бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарият ҳамкорӣ намояд.
6. Объектҳои назорати давлатӣ инҳо мебошанд:
-маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодаи партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ;
-ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии маҳсулот;
-ҷараёнҳои технологии истеҳсолот ва ташхисии маҳсулот;
7. Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ инҳо мебошанд:
-шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ;
-шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд (минбаъд субъектҳои назорати давлатӣ) ба ҳисоб мераванд.
Ҳамкориҳо
Бо мақсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи бехатарии молу маҳсулот шуъба метавонад бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарият ҳамкорӣ намояд.
Дастовардҳои шуъба
Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар молҳои ниёзи мардум соли 2017 ба чунин дастоварҳо ноил гаштааст.
Аз тарафи шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар молҳои ниёзи мардум соли 2017 дар 348 корхона санҷиши назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ гузаронида шуд ва аз ин миқдор дар 1 ҳолат 702 ҷуфт пойафзоли ҳарбӣ, дар 1ҳолат 10 маҳсулоти мебелӣ, 500 маҷмуъ маҳсулоти дўзандагӣ (либоси мактабӣ), 250 адад маҳсулоти пластикӣ, 500 кг маҳсулоти рангуборӣ маҳсулотҳои ғайристандартӣ дониста шуданд. Аз сабаби надоштани сертификати мутобиқат ба 17 адад корхонаи истеҳсолӣ мувофиқи КҲМ ҶТ моддаи 626 ҷаримабандӣ карда шуд. Умуман дар давоми сол 34 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуда ба маблағи 11600 сомонӣ ҷаримаи маъмури таъин гардида ба буҷаи давлатӣ ворид карда шуданд. Дар давоми 12 моҳ 883 сертификати мутобиқат ба маҳсулоти истеҳсолӣ дода шуд. Аз тарафи шуъба ба миқдорӣ 1430 саҳифа ҳуҷҷати меър-техникӣ ба корхонаҳо таъмин карда шуданд. Инчунин ба истеъмолкунандагон ба тариқа ВАО ва ба истеҳсолкунандагон вохўриҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва регламентҳои техникӣ гузаронида шуд.
Аз тарафи шуъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум дар давоми сол семенари омӯзишӣ бо иштироки истеҳсолкунандагон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар мазўъи маҳсулоти дўзандагӣ (либоси мактабӣ) ва регламенти техникӣ «Бехатарии маҳсулоти мебелӣ» гузаронида шуд. Қайд намудан бомаврид аст, ки ҷиҳати иҷрои банди 13 супориши Протоколи таҳти №2к/45-22 аз 23.06.2017сол дар ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот шуъба якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор стандарти ягонаи давлатӣ ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ СТҶТ1110-2018 Либоси мактабӣ. Шартҳои умумии техникӣ, стандарти ягонаи давлат ҷиҳати истеҳсоли либоси ҳарбӣ СТҶТ1108-2017 Либоси ҳарбӣ. Камзўлҳо. Шартҳои техникӣ. СТҶТ1109-2017 либоси ҳарбӣ, шимҳо. Шартҳои техникӣ - ро таҳия намудааст, ки мавриди амал қарор гирифтаанд.