Тоҷикистон Ватани мо

Унвони олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва халқ супорида мешавад. Унвон ба шаҳрвандоне, ки барои озодӣ, истиқлолият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон каҳрамонии ҳарбӣ ва меҳнатӣ намудаанд супорида мешавад. Унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дар қатори дигар Унвонҳои фахрӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 июли соли 2001 № 29 муқарар карда шудааст.

Ҷоизадорони унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

Садриддин Айнӣ (1878—1954) — Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва диг., ки ба 29 заб. хориҷӣ нашр шудаанд. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Нусратулло Махсум Лутфуллоев (1881—1938) — Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924—1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, cолҳои 1926—1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур (1899—1937) — Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929—1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, cолҳои 1933—1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Ноҳақ қатл карда шудааст. Соли 2006, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Бобоҷон Ғафуров (1909—1977) — Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944—1946 котиби дуюм, cолҳои 1946—1956 котиби якӯми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, cолҳои 1956—1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС. Соли 1997 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Мирзо Турсунзода (1911—1977) — Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», (1960) «Ҷони ширин»(1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру(1967) сарфароз шуда буд. Соли 2001 бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, такроран солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Таърихи Тоҷикон!

Давлати Сомониён, давлати аввалини тоҷикон, ки асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон ба вуҷуд омада буд (875—999). Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.

        Тоҷикон ба Инқилоби октябрии Россия ва истиқрори Ҳокимияти Шӯравӣ дар маҳалҳои сукунати хеш, ана, дар ҳамин шароит омада расиданд. Гарчанде як халқу миллат буданд, як забону фарҳанг, як дин доштанд, аз ҷиҳати сиёсӣ на ҳамеша бо ҳам муттаҳид буданд. Муддати садсолаҳои баъди давлати Сомониён, ки зодбумашон миёни сулолаҳои мухталифи аҷнабӣ муталошӣ мешуд, ҷудо аз якдигар ҳаёт ба сар мебурданд, дар ҳайати давлатҳои гуногун ва гоҳо бо ҳамдигар рақиб қарор мегирифтанд, аз ҷониби сардамдорони вақт ба ҷангҳои зидди якдигар кашида мешуданд. Бисёр ҳам воқеъ шудааст, ки берун аз часпу талошҳои замона, дур аз набардҳои хунини сулолавӣ, чун мулкҳои мустақилу ниммустақил, бо шоҳону ҳокимони маҳаллии хеш муддатҳои мадид зиндагӣ кардаву дар оби хеш ҷӯшидаанд.
Ҳукумати Шӯравӣ ба тоҷикон ҳадияи тақдир буд. Вай ба миллат ном дод. Дар ин хоку об то он замон бо номи «тоҷик», «ӯзбек», «туркман», «қирғиз» ва «қазоқ» миллат набуд, миллат «миллати мусалмон» буд. Адолати таърихӣ пирӯз шуд. Тоҷикон ворисони аслии таъриху фарҳанги қадима ва пурғановаташон шинохта шуданд, ки дар ин эътирофу қадрдонӣ хизмати Садриддин Айнӣ, ин абармарди таърихи мо, дигар зиёиёну сиёсатмадор ва сиёсатшиносони равшанзамирамон бениҳоят калон аст. Сониян, Ҳукумати Шӯравӣ ба тоҷикон давлат дод. Вай қавми дар чанги сулолаҳои мухталифи хонӣ ва дар мулкҳои ҷудогона паҳну парешонгаштаро бо ҳам ҷамъ овард ва дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ – ин давлати бузурги федеративӣ барояшон ҷумҳурӣ дод. Дуруст аст, ки ҷумҳурии мазкур мисли ҳамаи дигар ҷумҳуриҳои миллии иттиҳод аз истиқлол маҳрум буд, аммо вай, зоҳирӣ ҳам бошад, бисёр унсурҳои давлатро дошт: конститутсия, парчам, ҳукумат, парламент ва амсоли инҳо. Тоҷикон давоми солҳои шӯравӣ дар ҳайати ҷумҳурии алоҳидаи хеш ба таври бесобиқа пеш рафтанд. Саноату кишоварзии ҳозиразамон ба вуҷуд оварда шуд. Нақлиёт, сохтмон, обёрии заминҳои хушк, бунёди иншооти энергетикӣ ва ғайра. Ҳамаи соҳаҳо рушд карданд. Сарзамин аз зиндагии асримиёнагӣ ба ҳаёти нав ҷаҳиши бузурге намуд. Дар соҳаи саводноккунонии аҳолӣ, рушди маориф, омӯзиши касбу ҳунар дастовардҳои назаррас ба миён омаданд. Омӯзиши амиқи таърих, забону адабиёти миллӣ як бахши муҳими таҳқиқоти илмиро ташкил медод. Адабиёту ҳунар дар ҳоли рушд буданд. Натиҷаи ҳамаи инҳост, ки тоҷикон дар ташаккули миллии хеш назар ба давраҳои пеш аз Ҳокимияти Шӯравӣ зинаҳои болотареро фатҳ намуда, чун миллат дараҷаи сифатан наверо ба даст оварданд. Эҳсосоти худогоҳию худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ пайваста тақвият меёфт.

 

"НИГОҲЕ БА ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ". АСАРЕ, КИ ТАҲҚИҚАН БУНЁДИСТ

https://jumhuriyat.tj/images/Janob%2028102019.jpg

Таърих ин рушду такомули рӯҳи миллат аст. Ҳар касе, ки самараҳои рӯҳи миллатро дар замон надонад ва нашиносад, таърихи он миллат дар назараш як мушти ҳаводиси парешон ва рухдодҳои беназм ҷилва мекунад. Таърих санади боэътимоди дарки  ташаккул ва рушди ҳар миллат дар  шебу фарози рӯзгорон шинохта  шуда, он миллате тавонгар аст, ки қодир бошад гузаштаи пурифтихорашро дар хидмати  имрӯз қарор бидиҳад. Китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» аз шумори он осори таҳқиқии бунёдист, ки таърихи миллати бостонии моро бо муҳаббат дар хеш гунҷондааст.  Асар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон бо расмулхати ниёгон ба табъ расид. Он 22 октябри соли равон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб ба ифтихори бузургдошти тамаддуни ориёӣ соли 2006 дар Душанбе бо расмулхати имрӯз тоҷикӣ дар ҳаҷми 449 саҳифа бо теъдоди 4000 нусха ба табъ расида буд. Аз нашри китоби Пешвои миллат «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»  сездаҳ сол сипарӣ мешавад. Бо гузашти замон мубрам будани масоили таърихии баррасигардида дар ин китоб бештар мегарданд ва нашри дуюми он бо расмулхати ниёгон, ки қишрҳои васеи хонандагонро дар Аврупо, Эрон ва Афғонистон фаро хоҳанд гирифт, далели ин ҳарфҳост.
Пешвои миллат дар китоби ёдшуда чандин масъаларо баррас
ӣ ва таҳлил кардаанд. Аз ҷумла, таърихи Саразмро. Сарвари давлат роҷеъ ба Саразм ва тамаддуни он ибрози назар карда, осори бостонии аз он ёфтшударо далели боэътимоди робитаи бевосита доштани ин мавзеъ бо марказҳои мадании он замон, чун Намозгоҳу Олтинтеппа (Марви авестоӣ), Мундигаку Шаҳри Сӯхта, Ҳисору Туронтеппа ва ғайра медонанд ва тамаддуни Саразмро аз тамаддуни пешрафтаи шаҳрии он замон меҳисобанд, ки бо тамоми марказҳои маскунии Шарқи Наздику Миёна робитаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ барқарор карда буд. Аммо ба далели дар ибтидои ҳазораи дувум, мисли дигар манотиқи Осиёи Марказӣ гирифтори хушксолӣ гардидан, мардум Саразмро тарк гуфта, ба доманакӯҳҳо ва маҳалҳои ба об наздик кӯч бастанд.
Осори бостонии ёфтшуда дар ин авохир аз
ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш  гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Саразм, воқеан, вижагиҳои шаҳри он замонро дорост. Аз охири ҳазорсолаи 4 то милод сар карда, шаҳри Саразм  яке аз марказҳои бузурги истеҳсоли филизот ҳисоб мешуд. Оташдони дуқабатаи  сафолпазӣ дар ин ҷо аз рушди ҳунари кулолӣ шаҳодат медиҳад. Ин оташдон, ки кулолони саразмӣ дар аввали ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод сохтаанд, то кунун дар қаламрави Осиёи Марказии ҳамон давра  пайдо нашудааст. Чунин сохти оташдон дар дигар ҷойҳо фақат баъди ду ҳазор сол пайдо мешавад. Услуби нақшу нигори рӯи сафоли зарфҳои Саразм бо услуби ҷанубу шарқии Туркманистон ва Балуҷистону Систон алоқамандӣ дорад.
Дар боби дувум «Ташаккули давлат
ҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо», ки аз ҳафт зербоб иборат аст, Пешвои миллат роҷеъ ба давлатҳои устуравӣ ва воқеии ориёӣ, мисли Пешдодиён, Каёниён, Митониён ва давлати бостонии Мод, шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, давлатҳои Порт (Ашкониён), Кӯшониён, Ҳайтолиён, Сосониён ва ташаккули тамаддуни онҳо сухан ронда, ин замони тӯлониро бар пояи манобеи таърихӣ ва осори илмӣ ба баррасӣ мегиранд.
Пешвои миллат ро
ҷеъ ба баҳсҳои пайдоиши аввалин давлат дар қаламрави Осиёи Миёна ишораҳо карда, аз назари олими шинохта И. В. Пянков, ки давлати Бохтарро аз давлати Хоразм шуҳратмандтар ва нерумандтар медонист, ҷонибдорӣ намуда, аз давлати ориёии Каёниёни Бохтар ёд мекунанд, ки дар нимаи дуюми ҳазораи дуюм ва аввали ҳазораи якуми то милод дар ташаккул ва рушди тамаддуни ориёӣ нақши бориз доштааст. Дар идомаи ин матлаб менигоранд, ки «тибқи шавоҳиди зиёд сулолаи Каёниён давлати Бохтарро асос гузоштанд. Онҳо поягузорони тамаддуни пешрафта ва асили ориёиҳо мебошанд. Маҳз дар замони ҳукмронии ҳамин сулола номи Ориёну ориёиҳо ва забони онҳо машҳуру маъмул гардид. Шояд дар аҳди Каёниён нахустин дини яктопарастиро Зардушт ба ориёиён ва ҳатто ба оламиён пешниҳод намудааст».
Дар бораи давлат
ҳои бостонии ориёии хориҷ аз ҳудуди имрӯзи Тоҷикистон Пешвои миллат ин нуктаи бисёр омӯзанда ва муҳимеро баён мекунанд, ки на танҳо барои алоқамандони таърихи гузаштаи миллатамон, инчунин, барои муҳаққиқон ва пажӯҳандагони таърихи ватанӣ дастури ҳидояткунанда ва раҳнамо ба ҳисоб меравад: «Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави паҳновари зиндагӣ ва амалиёти низомӣ ва бархӯрдҳои нахустини давлатҳои ориёӣ, динҳо ва фарҳангҳои онҳоро омӯхтан зарур аст. Зеро миллати мо то имрӯз чӣ гуна масири пурпечу тоби таърихро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, бояд мавриди алоқамандии мардуми мо, бавижа ҷавонон қарор гирад. Ба ҳамин манзур ман дар бораи нахустин давлатҳои ориёие, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ воқеъ буда, вале ба рукни арзишманди давлатдории умумии ориёиҳо саҳми сазовор гузоштаанд ва донистани онҳо шарти ватандорию миллатдӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои бебаҳои муштараки мо мебошад, мехоҳам андеша ронам».
Сарвари давлат аз на
қши шахсиятҳо дар таърихи ҳар миллат ёдовар шуда, аз ҷойгоҳи Куруши Кабир на танҳо дар таърихи давлати Ҳахоманишиён, инчунин дар дарозои давлатдории ориёиён мегӯянд: «Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки  сарнавишти онро ба куллӣ тағйир дода, неруҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддӣ ва маънавии онро ба сатҳи тоза ва баланди рушд мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ ворид месозанд. Барои Порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Бузург буд».
Ҷуғрофиёи давлати таъсиснамудаи Куруш ҳудуди Эрон аз ғарб то гарданаи Дарданел, аз шарқ рӯди Синд, аз шимол то Қафқоз ва дарёи Хазар ва рӯди Сайҳун, аз ҷануб то баҳри Уммон ва халиҷи Форс ва ҷазираҳои Арабистонро фаро мегирифт ва ба далели ин густурдагии марзҳо таърихнигорон Курушро нахустин шоҳаншоҳи (императори) таърихи ҷаҳон шинохтаанд. Куруш бо таъсиси чунин шоҳаншоҳии бекарона кӯшид сокинони ин сарзаминҳоро дар як ҷомеаи инсонӣ гирдиҳам оварад. Бо эҷоди чунин низоми давлатдории Куруш дар саросари қаламрави шоҳаншоҳияш насими тозае, ки инсонҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекард, вазидан гирифт. Ӯ кишварҳоро аз қурбониҳо ва қатлҳои ноҳақ наҷот дод, оташи шаҳрҳои ғоратшударо хомӯш намуда, қавмҳои мухталифро аз асорати бардагӣ озод кард, ки мисоли равшани он аз бардагии шоҳи Бобул Бухтуннаср озод кардани бани Исроил аст. Куруш яҳудиёнро бо эҳтироми зиёд ба ватанашон бозгардонд ва ин амали неки Куруш буд, ки номи ӯ дар китоби муқаддаси яҳудиён чун озодкунандаи ин қавм зикр шудааст. Таърих шаҳодат медиҳад, ки аз миёни ин ҳама кишваркушойҳои ҷаҳон иддаи маҳдуде ҳастанд, ки монанди Куруши Кабир пас аз худ шуҳрату номи нек боқӣ гузоштаанд. Бо омадани ӯ ба арсаи кишваркушоӣ ва сиёсатдорӣ як давраи дарози таърихӣ ба поён расид, даврае, ки саршор аз ҳокимони табоҳкор, вайронгар, хунхору сангиндил буд, даврае, ки ҷони инсон ва мақоми ӯ арзише надошт. Бо Куруш давраи наве оғоз шуд, давраи сулҳу созиш, ҳамдостонӣ ва ҳамроҳӣ, давраи арзиш ниҳодан ба ҳуқуқи инсон, даврае, ки қонуну додгариро пойдор кард, арзишҳои шахсию иҷтимоии мардумро намоён сохт, даврае, ки назм, оромиш ва риояти қонун маънӣ пайдо кард. Пешвои миллат дар натиҷагирии матолиб роҷеъ ба Куруши Кабир менависанд, ки ӯ сиёсатшиноси нуктасанҷ ва одамшиносу инсондӯст буд, «рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд».
         Тавзе
ҳ ва натиҷагириҳои илмии Пешвои миллат дар бораи давлати Портҳо сарчашмаи муҳими илмӣ ва роҳнамои муҳаққиқони таърихи бостон барои омӯзиши ҳар чи бештари таърихи давлати ориёии Ашкониён маҳсуб мегардад.
Бояд гуфт, ки то кунун, мутаассифона, дар таърихнигории то
ҷик ҳангоми таҳқиқ давлати Мод, Ҳаҳоманишиён, Портҳо (Ашкониён) ва Сосониён ба гурӯҳи давлатҳое, ки таърихашон шомили таърихи умумиянд, ворид гаштаанд. Ҳидоятҳои Пешвои миллат дар заминаи омӯзиши таърихи бостон муаррихони Тоҷикистонро водор мекунад, ки роҷеъ ба давлатҳои Мод, Ҳаҳоманишиён, Портҳо (Ашкониён) ва Сосониён, ки аҷдоди ориёии мо ба ҳисоб мераванд, таҷдиди назар кунанд ва ба ҳангоми анҷоми таҳқиқот таърихи ин давлатҳоро шомили таърихи ватанӣ намоянд.
Ҳамин тавр, бо риояи қолаби замонӣ Пешвои миллат роҷеъ ба давлатҳои Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Сосониён, инчунин, дар бораи эътиқоду боварҳои ориёиҳо, мисли меҳрпарастӣ, зурвония, пиромуни замон ва макони Зардушт, Авасто ва бахшҳои он, дар бораи монавиҳову маздакия ибрози назар карда, дастоварду мушкилоти умури давлатдории халқҳои ориёнажодро баён намуда, дар хулосаи китоби хеш давлати имрӯзи тоҷиконро давоми мантиқии ҳамон давлатдории суннатии аҳди бостон ва давраҳои миёна бо назардошти пешрафти давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қаламдод намуда, ба омӯзиши ҳар чи бештар ва беҳтари таърих ва тамаддуни ниёгон таъкид мекунанд.