Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченак
РАЁСАТИ ТАЪМИНОТИ МЕТРОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ ЧЕНАК
Сохтор
- Ба ҳайати Раёсат ду шуъба дохил мешавад:
- -шуъбаи назорати давлатии ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченкунӣ;
- -шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченкунӣ, ки аз чор бахш иборат аст:
- -бахши санҷиши воситаҳои ченкунии радиоэлектромагнитӣ (ченкуниҳои радиотехникӣ, вақту басомад, барқӣ, муқовимат, зарфият ва бадоштӣ);
- -бахши санҷиши воситаҳои ченкунии механикӣ (ченкунии вазн, қувва ва сахтӣ, параметрҳои ҳаракат, сарф ва ҳаҷм);
- -бахши санҷиши воситаҳои ченкунии теплотехникӣ (ченкунии фишор, вакуум, газу моеъҳо, зичӣ ва ёзандагӣ, ченкунии ҳароратӣ ва теплофизикӣ, оптикӣ ва оптико-физикӣ);
- -бахши санҷиши бузургиҳои геометрӣ (ченкуниҳои хатӣ-кунҷӣ, ченкуниҳои газоаналитикӣ, суръат).
Самти фаъолият
Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Љумњурии Точикистон, санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалие, ки Љумњурии Точикистон онњоро эътироф кардааст, ќонунњои конститутсионї, кодексњо, ќонунњои Љумњурии Точикистон, ќарорњои якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Точикистон, фармону амрњои Президенти Љумњурии Точикистон, ќарору фармоишњои Њукумати Љумњурии Точикистон, ќарорњои њайати мушовара, фармоиш ва супоришњои Директори Агентии Тољикстандарт, инчунин Низомномаи Раёсати мазкурро ба асос ва роњбарї мегирад.
Дастовардҳо
Бо мақсади татбиқи қонунњои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Наќшаи кори Раёсат давоми соли 2017 аз тарафи нозирони шўъбањои назорати давлатии воситањои ченак дар доираи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор” тибќи наќшаи тасдиќшуда дар 2643 корхонаву муассиссањои љумњурї назорати давлатии метрологї гузаронида шуда, дар рафти назорат 788 683 адад воситаҳои ченак зери тафтиш қарор дода шуд, ки аз он 19012 ададаш бо сабаби муњлати санҷишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан корношоям ҳисобида шуданд. Дар озмоишгоҳҳои метрологии Тољикстандарт бошад, дар ин давра санљиши мутобиќати 251807 адад воситаҳои ченак гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 117601 адад ҳисобкунаки барќї ва 20625 адад ҳисобкунакҳои обиро ташкил медињад. Дар давоми соли 2017 дар Фењристи давлатии воситањои ченаки Љумњурии Тољикистон 23 номгуи навъи воситаи ченак ба ќайд гирифта шуданд. Бояд ќайд кард, ки сатњи дониши тахассусии кормандони озмоишгоњњои метрологї пайваста баланд бардошта мешавад. Аз он љумла, 46 нафар мутахассисони хадамотњои давлатї ва идоравии метрологї курси омўзиш ва таљрибаомузиро хатм намуда, соњиби тахассуси озмоишгари давлатї ва идоравї шуданд.
Бояд ќайд кард, ки яке аз омилњои фаъолияти босифати озмоишгоњхои санљиши воситањои ченак ин љорї намудани талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025-2009 “Талаботи умумї ба салоњиятнокии озмоишгоњњои ташхисї ва андозагирї” дар фаъолияти онњо мебошад. Бо ин маќсад таи солњои охир дар асоси созишнома Агентии Тоҷикстандарт бо Институти физикї-техникии Олмон (РТВ) ҳамкориҳоро дар соҳаи метрология вусъат дода, дар доираи ин њамкорињо аз тарафи экспертњои донишкадаи мазкур дар озмоишгоҳҳои метрологии Агентї байни мутахассисон оид ба иҷроиши талаботи стандартҳои байналмилалї ИСО/МЭК 17025 ва ИСО/МЭК 17011 дар соҳаи метрология ва аккредитатсия семинари омўзишї гузаронида шуд. Дар њамкорї бо дар доираи барномањои институти мазкур бо љалби экспертњои он бори аввал дар таљриба андозагирии воситаи ченаки вазн ва њарорат гузаронида шуда, расмиёти андозагирии ин намуди воситањои ченак тартиб дода шуданд, ки минбаъд барои таъмини сањењияти воситањои ченак дар љумњурї мусоидат менамояд. Айни њол се мутахассиси Шўъбаи санљиш ва аттестатсияи воситањои ченаки Раёсат барои амали намудани андозагирии воситањои ченаки вазн ва њарорат омода гаштаанд. Дар оянда Раёсат ба наќша гирифтааст, ки бо љалби мутахассисони мазкур таљрибаи андозагирии воситањои ченаки вазн ва њароратро ба мутахассисони марказњои зертобеъ бо назардошти имкониятњои мављуда омўзонад ва онро дар фаъолияташон амалї созанд.
Раёсат минбаъд низ бояд татбиқи масъалаҳои зеринро ба нақша гирад:
- -таъмини ченаки ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- -љорї намудани талаботи стандартњои байналмилалї дар озмоишгоњњои санљишї;
- - ба таври бояду шояд нигоҳ доштани маҳакҳои Љумҳурии Тољикистон;
- -бо назардошти имкониятҳо таъмин намудани озмоишгоҳҳои метрологї бо таљњизоти намунавии муосир ва баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони хадамоти метрологї;
- - дар асоси Созишномаи дуљониба бо Донишкадаи физико-техникии Олмон (РТВ) ба итмом расонидани таъсиси озмоишгоњи намунавии ченакњои вазн;
- -дар доираи имкониятњо вусъат додани њамкорињо бо ташкилотњои байналмилалї ва минтаќавї дар соњаи метрология.
Ҳамкориҳо
- 1.Шўрои байнидавлатї оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ.
- 2.Њамкорињои авруосиёии муассисањои давлатии метрологї (COOMET).
- 3. Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор (OIML).
- 4. Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба стандартизатсия (МАС).
- 5. Маъмурияти стандартизатсияи Љумњурии Мардумии Чин (SAC).
Хизматрасониҳо
- Воситаҳои ченакро, ки бояд таҳти назорати давлатии метрологӣ гирифта шаванд, ҳангоми сохтан ё таъмир кардан, ҳангоми воридот ва истифода мақомоти Хадамоти давлатии метрологӣ месанҷад.
- Воситаҳои ченаки зерин бояд ҳатман ба санҷиши мутобиқгардонии давлатӣ фаро гирифта шаванд:
- - воситаҳои ченаке, ки дар мақомотҳои хадамоти давлатии метрологӣ истифода мешаванд;
- - воситаҳои ченаки намунавии корхонаҳо;
- - воситаҳои ченаке, ки мувофиқи муқаррароти бевоситаи онҳо ва ё бо шарти фармоиш ба сифати намунавӣ истеҳсол шудаанд;
- - воситаҳои ченаке, ки ба сифати асбоби корӣ барои ченкуниҳое муқаррар карда шудааст, ки натиҷаҳои онҳо барои баҳисобгирии арзиши маводҳо, сӯзишворӣ ва неру, додугирифти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидору фурӯшанда, барои ҳифзи муҳити табиат, таъмини бехатарии меҳнат, ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ ва байналмилалӣ истифода мешаванд.
- Воситаҳои ченаке, ки дар номгӯи воситаҳои ченаки ҳатман зери санҷиши мутобиқгардонии давлатӣ фаро гирифта шаванда дохил нашудаанд, таҳти санҷиши мутобиқгардонии идоравӣ қарор мегиранд.
- Маҳакҳои мақомоти хадамоти Давлатии метрологӣ, инчунин воситаҳои ченаке, ки онҳо намесанҷанд, аз тарафи марказҳои давлатии илмии метрологии мамлакатҳои ИДМ мавриди санҷиш қарор мегиранд.
Тамос
Сардори раёсати таъминоти метрологии воситањои ченак
Каримов Салоҳиддин
Тел: (+992 37) 233-68-86
Факс: (+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj