Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак

Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченак

Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодаи воситаҳои ченаки Раёсати таъминоти метрологӣ яке аз сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шуъбаи мазкур дар раванди фаъолияти худ аз рӯи дастурҳои зерин ба монанди - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Тоҷикстандарт амал менамояд.

Назорати давлатии метрологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба амал бароварда мешавад.

Санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.

Амалҳои зайл бо мақсади тафтиши риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд:

тандурустӣ, ветеринарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат;

додугирифти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидору фурушанда, аз ҷумла амалиёте, ки дар он автоматҳои бозӣ ва таҷҳизот истифода мешаванд;

амалиёти баҳисобгирии давлатӣ:

таъмини мудофиаи давлат;

корҳои геодезӣ ва гидрометеорологӣ;

амалиёти бонкӣ, андоз ва почта;

истеҳсоли маҳсулоте, ки мувофиқи қарордод барои эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад;

озмоиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи ҳатмии стандартҳои давлатии ва Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва хизматрасонӣ;

андозагирӣ бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура, суди иқтисодӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ ва байналхалқӣ.

Мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар соҳаҳои фаъолият низ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.

Нозирони давлатӣ ҳангоми дар минтақаҳои дахлдор анҷом додани назорати давлатии метрологӣ ҳуқуқ доранд бо нишон додани шаҳодатномаи хидматӣ  тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ:

ба объектҳое дароянд, ки дар он ҷо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклҳои моликияти ин объектҳо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурушанд, нигоҳ медоранд ё саришта мекунанд;

мутобиқати воҳидҳои бузургиро, ки ба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд;

мутобиқати воситаҳои ченакро ба навъи тасдиқшуда тафтиш намоянд;

истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санҷиши/андозагирии воситаҳои ченак истифода мешаванд;

миқдори молро, ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

барои назорат намунаи молу маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд;

воситаҳои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштаро ҷалб намоянд.

Ҳангоми риоя нашудани қоида ва меъёрҳои метрологӣ нозири давлатӣ ҳуқуқ дорад:

истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд;

тамғаҳои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи/сертификати санҷиш/андозагириро ҳангоме, ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад;

ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

ҳангоми риоя накардани талаботи фаъолияти мазкур оиди маҳрум намудан аз иҷозатномаи сохтан, таъмир кардан, фурухтан ва ба киро додани воситаҳои ченак таклифҳо пешниҳод намояд;

дастурҳои ҳатмӣ диҳад ва муҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунад.

Нозирони давлатӣ, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд, бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муқаррароти санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона ва назорати давлатии метрологиро қатьиян риоя намоянд.

Нозирони давлатӣ барои ба ҷо наовардан ё иҷрои номатлуби масъулияти вазифавӣ, суистифодаи салоҳият ва дигар қонуншиканӣ, аз ҷумла фош кардани сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шикоят аз амали нозирони давлатӣ дар давоми 20 рӯзи қарор қабул намудани онҳо ба мақоми хадамоти давлатии метрологӣ, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба мақомоти болоӣ дода мешавад. Шикоят дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ мегардад ва оиди он қарор қабул карда мешавад. Аз амали нозирони давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида метавон ба суд шикоят кард. Шикоят кардан аз амали нозирон иҷрои дастури онҳоро боздошта наметавонад. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки ба нозири давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояш мусоидат намоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологӣ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.