Шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноати
Шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меърӣ-техникӣ дар МАС
Сохтори шуъба
Шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуччатҳои меърӣ техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ (минбаъд шуъба) сохтори таркибии раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сохтор ва шумораи кормандони шуъба бо назардошти вазифа ва ваколатҳои дар низомномаи шуъба пешниҳодшуда муайян гашта, аз тарафи директори Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда мешавад.
Самти фаъолият
Шуъба фаъолияташро, яъне банақшагирии ташкили корҳо оид ба назорати давлатӣ ва санҷишро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Тоҷикстандарт, фармоишҳои роҳбарияти Тоҷикстандарт ва низомномаи шуъба ба роҳ мондааст.
Назорати давлатӣ дар тамоми ҷарараёнҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, тайёрии истеҳсолот, истеҳсол намудан, фурӯш (расонидан, фурӯхтан), истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва несту нобудсозии маҳсулоти хўрокворӣ инчунин иҷрои кор ва хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад.
Дастовардҳо
Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот мутахассисони шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меърӣ - техникӣ дар МАС тамоми чораҳои зарури андешида мешавад. Аз ҷумла, бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ семинарҳо, машваратҳо оиди талаботи қонунҳои амалкунанда, регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ гузаронида шуд. Бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ соли гузашта озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Чумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуда дар он корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ иштирок намуданд.
Аз тарафи мутахассисони шуъба давоми соли 2017 дар доираи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар 594 субъекти хоҷагидор санҷишҳо гузаронида шуда аз ин шумора дар 49 ҳолат камбудиҳо (истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартӣ, истеҳсоли маҳсулот бе сертификати мутобиқат ва ғайра) ошкор карда шуд. Нисбати ҳолатҳои ошкоргардида аз тарафи нозирони давлатӣ санадҳо тартиб дода шуда ва амрномаҳои манъи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва ислоҳи камбудиҳо тартиб дода шуда, инчунин бо мақсади назорат намудан аз болои иҷроиши Амрномаҳои додашуда дар корхонаҳои мазкур санҷишҳои такрорӣ сурат гирифтаанд. Дар давоми соли 2017 дар 63 ҳолат маҳсулотҳо бо нишондиҳандаҳои органолептикӣ, физикӣ-химиявӣ ва микробиологӣ ғайристандартӣ ошкор гардиданд. Дар 26 корхонаҳои истењсолӣ риоя нашудани талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ошкор гардид. Ҳамзамон дар рафти санҷишҳо вайрон намудани шароити нигоҳдории ашёи хом ва тайёр, истифодаи маводҳои мӯҳлатаи коршоямиашон гузашта, васли нодурусти пайдарпайии таҷҳизотҳо, риоя нашудани реҷаи технологӣ низ ошкор гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида шуданд, аз ҷумла нисбат ба 49 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ мувофиқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба маблағи 34280 сомонӣ ҷарима таъин гардид.
ҲАМКОРИҲО
Бо мақсади самаранокии корҳо оид ба огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳа шуъба бо дигар мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Мутахассисони шуъба дар семинарҳои дар ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат ташкилшуда иштирок намуданд ва ба гурӯҳҳои гуногуни кории байниидоравӣ шомил буда, дар барномаҳое иштирок намуданд, ки ба беҳтар намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ғизои модар ва кӯдак, рафти ғанигардонии намаки ошӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда равона шудаанд. Ҳамзамон дар рафти фаъолият вобаста ба масъалҳои дахлдор мутахассисони шуъба дар чорабиниҳои аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) алянси глобалӣ барои ғизо (ГЕЙН), Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО), Ҳаракати глобали васеъкунии ғизо (SAN), ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байнамилалӣ ва дигарон ташкилшуда низ иштирок намуданд.
Тамос
Муовини директор
Рустамзода Малоҳат Рустам
Тел(+992 37) 233-84-44
Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj
Сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ
Ашурзода Суҳроб
Тел: (+992 37) 233-58-88
Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj
Сардори шуъбаи санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентњои техникӣ ва ҳуччатҳои меърӣ техникӣ дар МАС
Ятимов Сиёвуш
Тел: (+992 37) 233-69-51 Факс(+992 37) 233-44-99
e-mail: info@standard.tj