Риояи қонуният, худшиносӣ, масъулият, дониш...

Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.

Дар моддаи 1, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар ин радиф аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ояндаи наздик мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки пиёда сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо, бахусус бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандон пеш аз ҳама доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Дар ҳамин радиф бо ҳар роҳу восита боло бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандон, хоса нав-расону ҷавонон ногузир аст, чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти онҳост.