Маркази ташхисии маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ
Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум воҳиди мустақили сохтори Агентии Тоҷикстандарт мебошад.
Дар Маркази ташхисї мутахассисон бо ихтисоси кимиёгар, биолог ва технолог њамаги 19 нафар кору фаъолият менамоянд, ки тибќи наќшаи тасдиќшуда ташхисњои муќоисавии дохилї, байни озмоишгоњи (МЛСИ) ва ташхисњои профиссионалиро бо маќсади санљиши дониш ва даќиќии сифати корњои худ, мегузаронанд.
Маркази ташхисї аз тарафи муассисаи давлатии «Маркази миллї оид ба аккредитатсия»-и Љумњурии Тољикистон дар доираи салоњияти техник ва мустаќил аккредитатсия карда шудааст. Аттестатсияи аккредитатсия тањти раќами №TJ 62.37100.03.0015-2015 мебошад. Аз моњи августи соли 2012 Маркази ташхисї дар фењристи озмоишгоњњои аккредитатсияшуда, ки аз тарафи маќомоти маркази миллии аккредитатсияи Љумњурии Ќазоќистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилњуќуќи “ILAK” мебошад ба ќайд гирифта шудааст. Марказ тибќи талаботњои стандарти байналмиллали ИСО/МЭК 17025:2009 «Талаботи умумї ба салоњиятнокии озмоишгоњњои ташхисї ва калибровкакунонї» аккредитатсия карда шудааст ва соњиби аттестати аккредитатсия тањти раќами KZ.U.00/1336 мебошад.
- Сохтори Маркази ташхисї шаш бахшро дар бар мегирад:
- - бахши аналитикї;
- - бахши физикию кимёї;
- - бахши спектрометрї (атоми абсорбсионї);
- - бахши элементњо ва моддањои зањрнок (волтамперметрї);
- - бахши ѓалладонагї;
- - бахши микробиологї.
- Намудњои ташхисњои гузаронидашаванда:
- - органолептикї; - физико кимёвї; - аналитикї; - микробиологї.
Дар Маркази ташхисї усулњое истифода бурда мешаванд, ки ба талаботи стандартњои байнидавлати ва байнанмиллали љавобгуй мебошанд ва бањогузорї карда мешаванд. Дар соли 2017 аз тарафи Маркази ташхисї њамаги дар 5791 њолат мањсулоњои хурокворї ва молњои ниёзи мардум аз ташхис гузаронида шуданд. Ташхисњо муайян намуданд, ки дар 861 њолат мањсулотњои хурокворї ба талаботи стандартњо ва њуљљатњои меъёрии амалкунанда мутобиќ набуданд.
- Дар бахши аналитикї асосан шакар, мањсулотњои ќанодї аз шакар, нушокињои ѓайри машруботї ва дигар мањсулотњои хурокворї оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо ташхисњо гузаронида мешаванд.
- Дар бахши физикию кимёї мањсулотњои ќанодї, равѓани растанї, нушокињои машруботї, намаки оши ва дигар мањсулотњои хурокворї оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо (радионуклидњо) ташхисњо гузаронида мешаванд.
Дар бахши спектрометрї (атоми абсорбсионї) мањсулотњои хурокворї, нушокињо ва молњои ниёзи мардум аз ќабили зарфњои пластмассї ва бозичањо оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо ташхисњо гузаронида мешаванд.
Дар бахши озмоишгоњи элементњо ва модањои зањрнок (волтамперметрї) мањсулотњои хурокворї, табак ва молњои ниёзи мардум ва бозичањо оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо ташхисњо гузаронида мешаванд.
- Дар бахши ѓалладонагї асосан орд, мањсулотњо аз орд, ѓалладонагињо, чой ва дигар мањсулотњои хурокворї оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо ташхисњо гузаронида мешаванд.
- Дар бахши микробиологї мањсулотњои њурокворї оиди муайян намудани сифат ва бехатарии онњо, яъне љой доштани микробњои касалиовар ва ѓайра ташхисњо гузаронида мешаванд.
- Маркази ташхисї бо дигар озмоишгоњњои зерсохтори Агентии Тољикстандарт дар робита мебошад ва фаъолияти онњоро ба танзим медарорад, аммо барои љори намудани системаи менељменти сифат дар асоси стандартњои байналмиллалї, тартиби ягонаи фаъолияти корї ва њисоботњо дастрас намудани таљњизоти ташхисї, комуникатсионї, маводњои кимёї ва материалњои корї лозим мебошад, ки ба тарзи гузориш пешнињод карда мешаванд.
- Бо маќсади ислоњоти камбудии дар Маркази ташхисї љойдошта, таъмини бехатарии мол ва мањсулотњои ташхисшаванда, такомули сифат ва даќиќии ташхисњо, иљро намудани талаботњои менељменти сифат ва талаботњои Регламентњои техникии ЉТ љорї намудани ташхисњо оид ба муайян намудани антибиотикњо, гармонњо, витаминњо, пестисидњо ва дигар элементњо, ки аз миќдори љойдоштаи онњо дар молу мањсулотњо саломатии инсон вобастаги дорад, зарур мебошад. Оиди масъалаи мазкур дар Маркази ташхисї корњо оѓоз ёфтанду идома доранд ва бовари дорем, ки бо дастгирии роњбарияти нави Агентии Тољикстандарт онњо њалли худро зуд меёбанд.
- Сиёсати Маркази Ташхисии Тоҷикстандарт (МТ) оиди сифат ба мақсади асосии стратегӣ дар доираи ташхисҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ сарчашма гирифтааст, ки дар Қонунњои ҶТ «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва Регламентњои техникии ҶТ дарљ шудааст. Мақсади он ҳимояи шаҳрвандон ва давлат аз оқибатҳои зарароваре, ки дар натичаи истеъмоли маҳсулоти хатарноки хӯрокворӣ ба вучуд меояд, мебошад.
- Сиёсати МТ равон карда шудааст барои:
- -қонеъ гардонидани талаботи пурраи истеъмолкунандагон бо роҳи таъмини сифатнокии ташхиси мақсулот;
- -нигоҳ доштани сатҳи баланди илмию техникии корҳои ташхисї, ки он бояд ба талаботҳои СТ ҶТ ГОСТ Р 51672 «Таъминоти метрологии ташхиси маҳсулот бо мақсади тасдиқи мутобиќати онҳо», ГОСТ Р ИСО 5725 (қисми 1-6) «Дақиқӣ (дурустӣ ва пресизионӣ) услубҳо ва хулосаҳои ченкунӣ», ГОСТ ИСО/МЭК 43 (кисми 1-2) «Санҷиши озмоишгоҳ оиди бо сифат гузаронидани ташхисҳо ба воситаи ташхисҳои муқоисавӣ байни озмоишгоҳҳи» ҷавобгуй бошад;
- -муҳайё сохтани шароитҳо барои бовари ҳосил кардани истеъмолкунандагон.
- Сиёсати МТ таъмин мегардад:
- -маъсулияти роҳбарияти МТ ва фаъолияти тахасусии кормандон (ҳар як мутахассис дар алоҳидаги) оиди таъмини сифати корҳои иҷрошаванда;
- -муҳайё намудани шароитҳо (сифати корҳои иҷрошаванда, салоҳиятнокӣ, шафофият, махфият, бегаразӣ) барои пурра таъмин намудани талаботи фармоишгар;
- -доимо баланд нигоҳ доштани самаранокии системаи менечменти сифат;
- -шинос шудани кормандон бо хуҷҷатҳо оиди сифат барои корҳои амали дар асоси сиёсат ва проседураҳо (тартибот);
- -иҷроиши мақсадҳо оид ба сифат;
- -мукаммал гардонидани системаи менеҷмент дар асоси стандарти ГОСТ ИСО/МЭК 17025:2009.
- Роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ва МТ вазифадоранд, ки самти фаъолияти худро равона созанд барои:
- -иштироки бевосита оиди иҷроиши сиёсат дар доираи сифат;
- -баланд нигоҳ доштани сатҳи тахассусии кормандони МТ;
- -дар сатҳи лозима нигох доштани системаи менечменти сифат ва ташаккули он; мухайё намудани шароити зарурии кори барои кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳо.