ХАБАРҲО

2018-05-01: Ба содироти меваю сабзавот монеа вуљуд надорад

Яке аз масъалаҳои муҳими тараққиёти иқтисодии кишвар ин тақвияти рушди содирот мебошад, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардидааст ва яке аз самтҳои муҳими стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки ба татбиқи яке аз стратегияҳои муҳим, яъне вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва дар ин замина рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот, ҳамчун роҳи самарбахши афзун намудани теъдоди ҷойҳои корӣ, ҳавасмандии ҳаматарафаи фаъолияти фермерӣ ва соҳибкории хурд дар бахши аграрӣ, ки маҳсулоти он ба содирот равона карда мешавад аҳамияти махсус дода шудааст.

Дар асоси барномаи давлатӣ сол то сол миқдори боғу токзорҳо ва истеҳсоли сабзавоти тару тоза зиёд мегардад ва хушбахтона дар раванди истеҳсол, коркард ва банду басти он аз таҷриба ва технологияи муосир фаровон истифода бурда мешавад. Назарсанҷии мо аз чанд корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки дар ин самт захираҳои истифоданашуда хеле зиёд мебошанд.

Масалан ҶСК “Корхонаи консервбарории Хуҷанд” аз зумраи корхонаҳои мебошад, ки дар замони шӯравӣ хеле маъруф буд ва дар он то 1000 нафар кор мекарданд. Баъди дигар шудани шакли моликият ва бинобар муфлисшавӣ ин корхонаи азим чанд муддат аз фаъолият боз монд ва солҳои охир бо иқтидори хеле кам дубора фаъол гардид, ки аз рӯи маълумотҳо ҳамагї 20 нафар дар он фаъолият менамоянд, ва асосан хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои мавҷуда роҳбарияти корхонаи мазкур азм дорад барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва то ба 4 миллион қуттии шартї расонидани иқтидори истеҳсолӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода барад.

Корхонаи ҶСК “Хуҷандпакижинг” барои истеҳсоли шарбатҳои мевагӣ бунёд карда шудааст, лекин 3 сол инҷониб фаъолият намекунад. Аз рӯи маълумотҳо солҳои қабл дар корхонаи мазкур то 100 нафар бо ҷои кор таъмин буданд. Маҳсулотҳои корхона илова бар бозори дохилӣ ба кишварҳои Қазоқистону Гурҷистон ва Федератсияи Россия содирот карда мешуд.

Аз рӯи маълумоти сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дубора фаъол намудани корхонаҳои бозистода ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулини корхона дастур дода шудааст, ки дар фурсатҳои кутоҳтарин иқтидори пешинаи корхона барқарор карда шавад. Зеро фаъолияти мунтазами корхонаи саноатӣ аз як тараф барои коркарди меваҳои тару тозаи вилоят мусоидат намояд, аз ҷониби дигар даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

Дар мавриди дигар фаъолияти ҶДММ “Нӯшокиҳои Муҳаббат”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза машғул аст намунаи ибрат мебошад. Корхонаи мазкур соли 2017 ифтитоҳ гардидааст ва дар он 16 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд. Роҳбарияти корхона азм дорад афшураҳо ва дигар номгӯи маҳсулоти худро аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон истеҳсол намуда, ба хориҷи мамлакат содирот намояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бартарии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар он аст, ки онҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, лекин барои боз ҳам бештар рақобатпазир гаштан ва таваҷҷуҳи харидорро ҷалб намудан зарур аст, ба тамғагузорӣ, ороиш ва шаклу намуди зарфҳо эътибор дода шавад. Аз ҷониби дигар сифати нӯшобаҳо ва афшураҳои Тоҷикистон хеле баланд аст ва агар истеҳсоли ин маҳсулот бо технологияи муосир ва шаклу намудҳои зебо ба роҳ монда шавад, ба ворид намудани маҳсулоти хориҷи ягон зарурат пайдо намегардад.