ХАБАРҲО
2018-05-01: Семинар – машварати омўзишї дар толори мењмонхонаи «Бохтариён» - и шањри Бохтар бо иштироки масъулин ва кормандони маќомоти вилоятии Тољикстандарт ба мавзўи «Наќши сохторњои ваколатдори давлатї дар назорати сифати намаки йоднокгардонидашуда» бахшида шуд.
Зимни ифтитоњи машварати омўзишї намояндаи масъули ташкилоти љамъиятии «Одам, дониш, аќл, мењр» Маќсуд Муњиддинов маќсаду мароми машваратро арзёбї дошта, таъкид намуд,ки бе йод љомеаи солим, фарзанди солим,оилаи солимро ташаккул додан имконнопазир мебошад.Инсон бояд ба ќадри зарурї он ѓизоњоеро истеъмол намоянд,ки дар таркибашон йод дошта бошанд.Бинобар ин ў ба иштирокчиёни машварат ба суоли «Мо дар бораи намаки йоднок чї гуна маълумот дорем?» мурољиат намуд. Чанд тан аз ширкаткунандагон аз маќомоти Тољикстандарт дар вилояти Хатлон ба суоли боло љавобњои ќаноатбахш доданд. Маќсуд Муњиддинов љавобњоро мусбат арзёбї дошта,йоднокгардонии намакро асоси солимии љомеа маънидод кард.
Мутриба Латифова намояндаи масъули лоиња дар назди иштирокчиёни машварати омўзишї дар мавзуъњои «Маќоми микронутриентњо ва хўрока дар байни занон ва кўдакони Љумњурии Тољикистон» ва «Муњим будани йод барои љисми инсон ва оќибатњои манфии норасоии йод» баромад карда, андешањои солим баён кард. Намояндаи масъули Агентии Тољикстандарт Исмоншо Султонов дар мавзўъњои «Заминањои њуќуќии таъминоти ањолї бо намаки йоднок» ва «Талаботи техникї,тартиби гузаронидани назорат ва тафтишот дар сатњи истењсолот ва фурўш, њуљљатњои Агентии Тољикстандарт доир ба намаки йоднок» бо маърўзањои тањлилї баромад кард.
Зикр гардид, ки дар шањри Кўлоб низ чунин машварат бо иштироки кормандони маќомоти Тољикстандарт дар минтаќа баргузор шуд ва масъалањои боло мавриди тањлилу баррасї ва омўзиш ќарор гирифт.
Њамчунин дар машварати омўзишї атрофи мавзўъњои «Истењсоли намаки йоднок - мушкилоти асосї», «Усулњои санљиши йоднокии намак», «Усулњои пешќадами љањонии мониторинги йоднокии намак ва дастрасї ба йодати калий», «Мушкилоти асосии раванди мониторинги йодгардонии намак» ва дигар мавзўъњои алоќаманд ба йоднокгардонии намак баромад карда, бањсро ба миён оварданд, андешањои иштирокчиёнро шуниданд ва ба суолњои онњо посухњои ќаноатбахш доданд.