ХАБАРҲО

2018-05-01: Имкониятҳои ситораи Мишлен барои тарабхонаҳои Тоҷикистон

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як мамлакат аз дараҷаи тараққиёти соҳаи хизматрасонӣ вобастагии калон дорад. Тараққї додани соҳаи хизматрасонӣ ҳамчун раванди муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, аз роҳбарон ва кормандони муассисаҳо, рафтору муносибат ва муоширати баланди касбиро дар ҳамаи самтҳо талаб мекунад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ” барои рушди соҳаи хизматрасонӣ дар тарабхонаву ошхона ва қаҳвахонаҳо мусоидат мекунад. Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд, ки баланд бардоштани соҳаи хизматрасонӣ дар кишвари мо беҳбудиро талаб мекунад. Аз ин хотир зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Тасаввуроти аввалини мизоҷ метавонад ба муваффақияти тарабхона дар оянда сабаб шавад. Зеро маданияти баланди хизматрасонӣ, ташкили шароити мусоиди истироҳату фароғат ва пешниҳоди хӯрокҳои гуногуни болаззат бо ороиши ба худ хос метавонад, барои шуҳрати тарабхона мусоидат кунад.

Дар ин раванд яке омилҳои муҳими муваффақ шудан ба боварї ва эҳтироми мизоҷон ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии кормандон ва пешхизматҳо мебошад. Беҳуда нест, ки аввалин тасаввуроте, ки аз тарафи мизоҷон нисбати тарабхона ва кормандони он пайдо мешавад, ин муносибат ва муоширати пешхизмат мебошад. 

Имрӯз зарур аст, ки барои ҷалби бештари мизоҷон аз дохил ва хориҷи кишвар тарабхонаҳои Тоҷикистон аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш намоянд, то ки бренди худро пайдо кунанд ва бо омӯхтани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳони муосир барои баромадан ба сатҳи тарабхонаҳои номдори ҷаҳон мақсади худро равона созанд. Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тарабхонаҳое ҳастанд, ки бо тарзи хоси хизматрасонӣ ном баровардаанд. Лекин бренди тоҷикии ин тарабхонаҳо дар минтақа ва хориҷи дуру наздик муаррифї нагардидааст. Саволе ба миён меояд, ки барои чи дар Тоҷикистон тарабхонаҳои маъруф кӯшиши ҷорї  намудани бренди тоҷикии худро намекунанд?

Шояд имрӯз вақте расидааст, ки чун тарабхонаҳои Фаронса ё мамлакатҳои дигар дар тарабхонаҳои маъруфи Тоҷикистон низ ситораи Мишлен ҷорї карда шавад ва ин барои муаррифии на фақат тарабхона, балки муаррифии кишвари мо мусоидат намуда, имкониятҳои фаровонро барои рушди соҳа пеш меорад.

Албатта ҷорї кардани ситораи Мишлен кори хеле душвор ва заҳматталаб буда, ба осонї ба даст намеояд. Барои сазовор шудан ба ин пеш аз ҳама хоҳиш ва кӯшишу масъулияти тарабхонадорон зарур аст. Агар ба маълумотҳои таърихї назар андозем аён мегардад, ки ҷорї гаштани ситораи Мишлен дар фаъолияти тарабхонаҳо раванди дуру дарозро аз сар гузаронидааст ва имрӯз сазовор шудан ба ин ситора яке аз мукофотҳои баландтарин барои тарабхонаҳои Аврупо ба шумор меравад. Ёдрас шудани тарабхонаи дорои ситораи Мишлен дар маълумотнома ин нишонаи сифати баланди хурокпазии тарабхонаро нишон медиҳад. Агар тарабхона як ситораи Мишлен дошта бошад ин мукофоти хеле назаррас аст. Агар ду ситора дошта бошад хӯроки тарабхона ҳамчун асари санъат ҳисобида мешавад. Агар сазовори се ситораи Мишлен гардад ин маънои онро дорад, ки ошпазҳои тарабхона хеле моҳир ва муаллифи хӯрокҳои авлодӣ, яъне идомадиҳандаи анъанаи сарошпазҳои бузурги гузашта мебошанд, ки асрори касби худро хеле хуб медонанд.

Дар кишвари мо низ тарабхонаҳои маъруф зиёданд, ки хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд  ва ошпазҳову сарошпазҳои авлодї фаъолият мекунанд, ки  хӯрокҳояшон хеле болаззат ва нотакрор аст, лекин ягон нафари онҳо бо бренди тоҷиконаи худ муаррифї нагардидаанд.

Бо гузориши ин масъала мутахассисон ва коршиносони соҳаро даъват мекунам, ки андешаҳои худро оиди масъаи мазкур баён созанд, чунки амалигардии ин иқдом метавонад барои муаррифии кишвари мо дар миқёси олам мусоидат кунад.