ХАБАРҲО
2018-05-01: Биатрис Пениагуа: Татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ба рушди озмоишгоҳҳо мусоидат мекунад
Таъкидњои Президенти мамлакат оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонї ва санљиши даќиќ дар озмоишгоњњои мамлакат дар назди кормандони ин соњаи њаётан муњим масъулияти баландеро пеш мегузорад. Баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соња ва таъминоти таљњизоти муосири озмоишї ва истифодаи таљрибаи пешрафта дар замони мусоир талаботи аввалиндараља аст. Бо ин маќсад аз љониби Муассисаи давлатии «Маркази миллї оид ба аккредитатсия» пайваста семинару конфронс ва чорабинињои гуногуни омўзишї баргузор мегардад, ки дар баланд бардоштани донишу таљрибаи кормандони ин Марказ ва озмоишгоњњо сариваќтист. Коршиноси олмонї Биатрис Пениагуа, ки намояндаи Институти физикї-техникии Олмон (PTB) аст, дар рафти ин семинар ширкат карда аз таљрибаи пешќадами кишварњои дигар, ки дар самти Аккредитатсия ва фаъолияти озмоишгоњњо муваффаќ гардидаанд, баромад кард. Биатрис Пениагуа дар мусоњиба оид ба зарурати гузаронидани чунин семинарњо ва фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллї оид ба аккредитатсия» андешаашро чунин баён дошт:
Аз њамкории тўлонї бо Муассисаи давлатии «Маркази миллї оид ба аккредитатсия» мебинам, ки дар кору фаъолияти худ онњо ќадамњои љиддї мегузоранд ва Стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025 – 2011 низ аллакай дар амал татбиќ мегардад. Марњилаи аввали аккредитатсия дар сатњи хеле баланд гузаронида мешавад ва базаи аккредитатсия боз њам ќавитар мегардад. Дар рафти семинар намояндагони 25 озмоишгоњ ширакат карда, бо стандартњо ва татбиќи амалии он, ки барои њаёти солими љомеа ањамияти љиддї доранд таљрибаашонро мукаммал карданд. Ширкати фаъолонаи онњо имкон медињад, ки таљрибаашонро боз њам баландтар мебардоранд ва барои озмоиши тамоми молу мањсулоти воридотиву содиротї, озмоиши саломатии омма масъулияти баланд эњсос мекунанд.
Биатрис Пениагуа таъкид медорад, ки дар рафти семинар инчунин иштирокчиён бо таѓйиротњое, ки дар стандарти 17025 ворид карда шуд шинос гардиданд. Дар як ќатор кишварњо аллакай бо таѓйироти воридкарда дар ин стандарт мутахассисони соњаи Аккредитатсия ва озмоишгоњњо шинос гардидаанд. Хуб аст, ки њарчанд маротибаи аввал бо он шинос гардидаанд, аммо онро хеле зуд дар љомеа онро татбиќ мекунанд.
Ќадамњои аввалини мутахассисон ин омўзишу шиносої бо стандартњо ва дар фаъолият љорї кардани он аст. Онњо акнун вазифадоранд, ки дониши омўхтаи худро ба озмоишгоњ ва мутахасисони њамкорашон расонанд. Мутахассисони њама намуди озмоишгоњњо чи гуна натиљаи ташхисро муайян мекунанд, аз натиљаи кори онњо љамъият таъсир мебинад. Аз ин рў вазифаашон ин аст, ки дар таъмини њифзи солимии мардум бо дониши баланд ва таљрибаи пешрафта наќши муассир гузоранд.
Дар анљоми мусоњиба Биатрис Пениагуа, баён дошт, ки дар самти баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисон ва навгонињое, ки дар самти рушду пешрафти соња ба миён меояд, дастгирии худро дареѓ намедорад.