ХАБАРҲО
2018-04-25: Таҳкими муносибатҳои дӯстона бо кишвари Ӯзбекистон
Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиботи дӯстона бо ҳамсоякишварҳо таҳким ёфта, дар таърихи муносибатҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи навро боз намуд.
Дар заминаи созишномаҳои ба имзо расонидаи ҷонибҳо равуои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар осон шуда, муносибатҳои дӯстона рӯз ба рӯз беҳтар мегардад. Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд ва намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноативу бозии дустона миёни дастаҳои футболи "Динамо" ва "Хуҷанд" баргузор гардид, ки гувоҳи марҳилаи нави ҳамкориҳои дӯстона мебошад.
Намояндагони вилояти Суғдро бо сарварии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуда, ба муносибати ташрифи меҳмонон дар гузаргоҳи сарҳадии "Ҷартеппа" барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Сипас намояндагони вилояти Суғд аз боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд, маҷмааи Ҳазрати Хизр, гармхонаи “Паст Дарғом саховати”, корхонаи “СамАвто” дидан намуданд.
Санаи 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза”–и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд Бизнес – форум баргузор гардид. Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзӣ ва сайёҳии вилоят муаррифӣ карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ аз ташкили Бизнес–форум густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни ҷонибҳо маҳсуб меёбад. Дар рафти Бизнес–форум ба иштирокчиён дар бораи имкониятҳои иқтисодии ҳар ду тараф, маҳсулоти истеҳсолшаванда аз қабили маҳсулотҳои гӯштӣ ва ширӣ, коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнашикан ва машруботҳои спиртӣ, маҳсулотҳои саноатӣ ва сохтмонӣ, банду басти меваҳои хушк, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва дигар имтиёзҳои мавҷуда ҷиҳати мубодилаи маҳсулот маълумот дода шуд.
Дар Бизнес–форум байни соҳибкорони ҳар ду ҷониб 162 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки маблағи умумии он зиёда аз 170 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Суғд дар шаҳри Самарқанд бо иштироки санъаткорони вилояти Суғд барномаи калони консертӣ намоиш дода шуд, ки хеле гарм пазироӣ гардид.
- Абдумавлон Раҳимзода
- директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд.