ХАБАРҲО

2018-04-25: Вохӯрии Роҳбари Намояндагии (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳидеки Танабе бо роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт

   20 апрели соли 2018 дар бинои Агентии Тоҷикстандарт  бо мақсади муҳокимаи ҳамкориҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 мулоқоти Роҳбари Намояндагии (JICA) дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳидеки Танабе бо роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология таҳти муҳокима қарор гирифт. Ҷаноби Ҳидеки Танабе оид ба самти фаъолияти Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон маълумот манзур намуда, қайд кард, ки JICA ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтиссоси кормандони Агентӣ омодааст курсҳои кутоҳмудат ташкил намояд. Баъд аз вохӯрӣ ҷонибҳо аз озмоишгоҳи МАС-и Агентӣ дидан намуданд.