ХАБАРҲО
2018-04-25: ТАБИАТИ ЗЕБО АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабти онҳо дар феҳристи ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Табиати зебо, фарҳанги миллӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ аз даврони қадим аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳону тоҷирон, мусофирон, ҷаҳонгардон ва зоирон будааст. Маҳз тоҷирону сайёҳон сабаб шудаанд, ки баъзе касбу ҳунарҳо аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол ёбанд. Масалан, ҳунари коғазгариро савдогарони суғдӣ аз Чин овардаанд. Ё худ ҳунармандони тоҷик дар давраи ҳукмронии бобуриён ба Ҳинд муҳоҷират карда, ҳунари меъморӣ, кошинкорӣ ва кандакориро бо худ бурдаанд.
Имрӯз ҳам намунаҳои фарҳанги миллӣ ва маснуоти дастии ҳунармандон яке аз омилҳои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон мебошад. Сайёҳони кишварҳои пешрафта аз армуғонҳои сунъии пластикӣ хаста шуда, ба он армуғон ва намунаҳои либосу маснуоти ороишии хона таваҷҷуҳ доранд, ки дастӣ ва аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳия шуда бошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онро ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди миллӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад шумораи мавзеъҳои сайёҳӣ дар кишвар рӯз то рӯз зиёд гардида, миқдори иншооти мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ афзуда истодаанд. Яке аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти косибону ҳунармандон мебошад. Ин тадбир бо мақсади ҳавасмандсозии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ андешида шудааст. Рушд додани ин ду соҳаи аҳамиятнок, ки воқеан ба ҳамдигар чун тору пуд пайванд мебошанд, дар оянда метавонанд барои ғанӣ гаштани буҷети кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат кунанд.
Воқеан, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани як силсила тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дарҳои Тоҷикистонро барои сайёҳон боз мекунад. Чунончи аз пардохтҳои андозу гумрук озод кардани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ, ҳамчунин, аз пардохти андоз озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ дар муддати панҷ соли аввали фаъолияташон бо мақсади тараққӣ додани ин соҳаи афзалиятнок дар ҷумҳурӣ мебошад.
То 10 рӯз тамдид кардани муҳлати бақайдгирии сайёҳон, инвесторҳо ва дигар хориҷиёне, ки барои ҳамкориҳо ба кишвари мо ташриф овардаанд, аз тадбирҳои хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол мебошад. Инчунин, сода кардани низоми раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ба кор андохтани шабакаи ягонаи электронӣ ба афзудани шумораи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.