ХАБАРҲО
2018-04-25: БОҒПАРВАРӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҒИЗОӢ
Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардондани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқи содиротӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Ин аст, ки имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ корҳои сабзу хуррамгардонӣ вусъати тоза дорад. “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” ба рушди соҳаи боғпарварӣ ҳамчун воситаи муҳими таъмини амнияти ғизоӣ такони тоза бахшид.
Бо мақсади иҷрои барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 4314 га боғу токзори нав (106,2 дарсади дурнамо), аз ҷумла 2381 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин, бунёд шуд.
Дар рушди соҳаи боғдорӣ саҳми ниҳолпарварон хеле назаррас аст. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар» 14 хоҷагии ниҳолпарварии махсусгардондашуда дорад, ки асосан ба истеҳсоли ниҳолҳои мевадиҳанда машғуланд. Соли гузашта хоҷагиҳои корхона зиёда аз 1 миллиону 150 ҳазор бех ниҳоли гуногун, аз ҷумла себ, нок, биҳӣ, зардолу, шафтолу, олу, хурмо, анор, чормағз, бодом, анҷир, лимӯ, ток, тут, сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз тайёр намуда, дар ярмаркаҳои фурӯши ниҳоли шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои кишвар ва бозорҳо ба харидорон пешниҳод карданд.
Олимони соҳа дар бунгоҳҳои такягоҳӣ ва филиалҳо навъҳои гуногуни дарахтони мевагӣ парвариш намуда, муайян менамоянд, ки барои ин ё он минтақа кадом навъу намуди ниҳол мувофиқ аст. Ба гуфтаи онҳо, барои тамъу лаззати мева обу ҳавои мусоид ва интихоби дурусти қитъаи замин аҳамияти калон дорад. Лекин барои сифати зоҳирии мева бояд, ки риояи талаботи агротехникии нигоҳубини боғҳои ҳосилдеҳ дуруст ба роҳ монда шавад.
- Проблемаи асосӣ барои боғпарварон интихоби дурусти ниҳол мебошад. Он бояд ба талаботи стандарт ҷавобгӯ бошад. Ниҳоли стандартӣ пайвандӣ, навъӣ ва минтақабоб аст, сертификати сифати ниҳолро аз хоҷагии ниҳолпарвар ё фурӯшанда ҳатман бояд талаб кард, - гуфт Саидалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Чунонки С. Гулов зикр намуд, як сабаби хушкшавӣ ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудани ниҳол бошад, омили дигар нодуруст шинондани ниҳол ё ба андозаи зарурӣ накандани чуқурӣ, додани об, ғизо, дуруст риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ мебошад. Боз гуфтан бамаврид аст, ки ниҳолпарвар ниҳолро то ба харидор расондан дар зери хок нею дар ҳавои кушод нигоҳ медорад, ки ин боиси сармо задану хушк шудани онҳо мегардад. Ин ниҳолҳо аз ҳисоби намии танаи дарахт то моҳи июн меистанд ва ба гармии ҳаво тоб наоварда, сипас хушк мешаванд. Дар бозорҳо бояд барои ниҳолфурӯшон ҷойи махсус бошад, ки ниҳол то фурӯхтан дар зери хок нигоҳ дошта шавад.
Боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии дастархони мардум, ғизои солим барои сокинони ҷумҳурӣ, таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом ва таъсиси ҷойҳои нави кор аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар асоси дастовардҳои илмӣ ва қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани он муҳим аст.