ХАБАРҲО

2024-02-29: ҲАДАФ: Таъмини сифати баланди маҳсулоти мебелист

ҲАДАФ:

Таъмини сифати баланди маҳсулоти мебелист

28 феврали соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт дар мавзӯи "Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ омили таъмини сифат ва бехатарӣ дар маҳсулоти мебелӣ ва дуредгарӣ» семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд. Дар семинар намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ ва роҳбарияту кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро нахуст, муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Рустамзода Малоҳат оғоз намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда ибрози назар кард. Мавсуф қайд намуд, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба инкишоф ниҳод ва зиндагии мардум беҳтар гардид. Ҳамчунин, барои беҳтар кардани шароити зист ва фаъолияти корӣ ҳама гуна молу маҳсулот фаровон шуд. Маҳсулоти мебелӣ аз зумраи маҳсулоти муҳим барои кору зиндагӣ мебошад, ки хушбахтона имрӯзҳо онро метавон бо тамоми тарҳи зиннатдодаи муосир пайдо кард. Корхонаҳои зиёди мебелбарорӣ имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар фаъолият менамоянд, ки дастрасии мардумро нисбатан осон сохтаанд.

Хотирнишон бояд сохт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти мебелӣ» амал мекунад, ки талаботаш дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад. Дар асл ин регламент бо мақсади дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани тартиби истифода ва иҷрои талаботи ягонаи ҳатмӣ нисбат ба маҳсулоти мебелӣ, инчунин, таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, моликият, муҳити зист, солимии ҳайвоноту наботот, ҳамчунин, амалҳои огоҳкунандае, ки истифодабарандагони ин маҳсулотро вобаста ба таъинот ва бехатарии он ба иштибоҳ мебарад, роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар идомаи семинар-машварат аз истеҳсолкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар иҷрои фаъолияти корӣ ба риояи регламентҳои техникӣ ва сифату бехатарии маҳсулот диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон, мутахассисон доир ба мавзӯи баррасишуда бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар охир бошад аз ҷониби намояндагони корхонаҳои мебелбарорӣ саволҳо пешниҳод гардид, ки ба он мутахассисон ҷавобҳои мушаххас доданд.