ХАБАРҲО

2023-12-03: Боздиди роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт аз раванди истеҳсолии ҶДММ «Ноқили Талко»

Бо мақсади дастгирии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ Агентии Тоҷикстандарт бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Ноқили Талко» ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар таъмини онҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ҷиҳати мусоидат ба беҳтар намудани сифати маҳсулот кӯмак менамояд.

Дар ин замина, 9 ноябри соли ҷорӣ директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон, сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ Ашурзода Суҳроб ва дигар мутахассисони соҳа аз рафти истеҳсол ва фаъолияти ҶДММ «Ноқили Талко» боздид ба амал оварданд. Дар ин раванд, бо роҳбарияти корхона ва кормандони масъул суҳбат гузаронида шуда, ҳамзамон, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот, рақобатпазирии он ва тавсеа додани таъмини бозори истеъмолӣ бо ноқили барқии ватанӣ ва содироти он тасияҳо дода шуд.

Дар заминаи давра ба давра татбиқ намудани саноатикунонии босуръати кишвар аз масъулон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолияти соҳаро вусъат дода, бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ва истифодаи технологияҳои муосир истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро зиёд намуда, дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат саҳм гузоранд.

Бояд қайд кард, ки маҳсулоти корхона дорои сертификати мутобиқат буда, озмоишгоҳи он бо таҷҳизоти ҳозиразамон фаъолият менамояд ва дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи озмоишгоҳи санҷишӣ мебошад. Сифати ноқилҳои истеҳсолшуда ва намунаҳои ноқил дар раванди корҳои сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳи мазкур санҷида шуда, дар ин самт хулосаи озмоишгоҳ ба инобат гирифта мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот ва дар ин замина мусоидат ба содироти маҳсулот дар ҶДММ «Ноқили Талко» низоми идоракунии сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ бо мусоидати Агентии Тоҷикстандарт ду корхонаҳои истеҳсолӣ-ҶДММ «Ноқили Талко» (истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамға) ва ҶДММ «Арҷ» (истеҳсоли борҷома ва халтаҳои гуногунҳаҷми полиэтиленӣ) барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Дастовардҳо дар соҳаи сифат ва хизматрасонӣ» омода ва ҷалб карда шуданд. Дар даври якуми озмун дархости корхонаҳои истеҳсолии болозикр ва фаъолияти онҳо дар сатҳи миллӣ баҳогузорӣ карда шуда, ба котиботи озмун - Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид.

Дар ин замина моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайати коршиносон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус барои баҳогузории даври дуюми озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи дастовардҳои сифат ва хизматрасонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд ва дар фаъолияти ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶДММ «Арҷ» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Агентӣ баҳогузориро амалӣ намуданд ва ҳарду корхона аз натиҷаи баҳогузорӣ соҳиби баландтарин холи озмун гардида, хулосаи коршиносон барои гирифтани ҷоизаи «Лауреат»-и озмун ба ҳакамон пешниҳод гардид.

ҶДММ «Ноқили Талко» бо тамоми таҷҳизоти дар соҳаи худ замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридивазкунандаро ба роҳ мондааст ва бо иқтидори мавҷуда метавонад имкониятҳои энергетикии Тоҷикистонро васеъ намуда, барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як кишвари аз лиҳози энергетикӣ пешрафта мусоидат намояд.