ХАБАРҲО
2023-12-03: Татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир – омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла, соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда Агентии Тоҷикстандарт фаъолияти корбариро ба роҳ монда корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.
Дар ин замина, 10 ноябр бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони соҳавии Агентӣ аз корхонаи мазкур дидан намуданд.
Зимни боздид, барои минбаъд низ тақвият додани ҳамкориҳо бо мақомот ҷиҳати татбиқи низоми менеҷменти сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ тавсияҳо дода шуд.
Бояд қайд кард, ки барои дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ - ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», ки аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ истеҳсоли воситаҳои ченакро ба роҳ мондааст, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии ҳисобкунакҳои барқии интелектуалии навъи IMOD (шартҳои техникӣ, тасвири навъ, тарзи санҷиш, барномаи санҷиш, шиноснома ва ғайра) таҳия гардида, дар шуъбаи стандартонии Агентии Тоҷикстандарт расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, тибқи тартиби муқарраргардида, намунаи ҳисобкунакҳои барқии истеҳсолшаванда баъди гузаронидани таҳлилҳои метрологии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва ташхис, тибқи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии ПР 50.2-009 «Тартиби гузаронидани санҷиш ва тасдиқи навъи воситаҳои ченкунӣ» навъи онҳо тасдиқ ва дар феҳристи давлатии воситаҳои ченаки Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар корхона хатҳои технологии муосир бо идораи барномасозии рақамӣ аз пешрафтатарин истеҳсолкунандагони Италия, Финляндия, Олмон, Туркия ва Чин ворид гардидааст.
Дар корхонаи навтаъсис дар 16 хати истеҳсолӣ 36 намуд маҳсулот, аз ҷумла, истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқии интеллектуалӣ, лавҳаҳои мукаммали 0,4; 6 ва 10 кВ, истгоҳҳои мукаммали трансформатори 6/10 ва 20 кВ, лифт, дари оҳании даромадгоҳҳо, обгармкунаки барқӣ ва офтобӣ, пояи хатҳои ҳавоии баландшиддат, монеадевори роҳҳои автомобилгард, хомӯшкунакҳои худкор, пояҳои оҳании мухталиф барои равшаннамоии гулгашту хиёбонҳо, болорҳои оҳании дутарош ва коркарди конструксияҳои оҳании мухталиф ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.