ХАБАРҲО

2023-12-03: Дарахти дӯстӣ

Дар доираи корҳои ободонӣ намои бинои Агентӣ куллан ободу зебо гардида, дар гирду атрофи он дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст. Барои боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани атрофи корхона бо гулу бутаҳо ва дарахтони зебои ороишӣ роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ҳамеша иқдомоти заруриро роҳандозӣ менамояд.

Борҳо таъкид кардем ва имрӯз ҳам таъкид менамоем, ки директори Агентии Тоҷикстандарт иқдоми некеро пеша кардааст, ки шоистаи таҳсин аст, зеро ин амал барои ободу зебо гардидани як гӯшаи Ватан мусоидат менамояд. Муҳити зист барои нигоҳ доштани инсон ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки новобаста аз дастуру супоришҳо ҳар инсон худ ташаббускор бошад.

Имрӯз бо амали созандаи фарзандони ин Ватан, ки яке сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқат Саидзода Айниддин ва дигаре муовини сардори Нозироти савдои Агентӣ Шерализода Суҳроб бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Агенти Тоҷикстандарт дарахтони зебои ороишӣ дар саҳни бинои Агентӣ шинонида шуд.

Дар ҳини шинонидани дарахтон директори Агентӣ, муовинон ва дигар сардорони раёсату шуъбаҳо онҳоро ба рӯзи зодрӯзашон табрику таҳният гуфта, беҳтарин суханҳоро нисори зиндагӣ ва фаъолияти имрӯзу ояндаашон карданд.

Мо низ барояшон, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.