ХАБАРҲО

2023-12-03: Мусоидат ба истеҳсоли қубурҳои шишапластикии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои олии стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ҳайати кормандони Агентии Тоҷикстандарт бо роҳбарии директори Агентӣ Абдулваҳобзода Темурҷон аз корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” дидан намуданд.

Дар ҷараёни шиносоӣ, ҳамзамон, дар самти татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва риояи талаботи онҳо бо намояндагони корхона суҳбат доир карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳсол мекунанд.

Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот мебошад. Айни замон дар корхона мутахассисони маҳаллӣ тайёр карда шудаанд, ки минбаъд маҳсулоти корхонаро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамоянд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки истифодаи қубурҳои шишапластикӣ ҳангоми истеҳсоли он дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар мебошад. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле сода ва осон аст. Инчунин, қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошад. Барои истеҳсоли қубурҳо асосан маҳсулоти қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон истифода мегардад.