ХАБАРҲО
2023-11-26: Боздид аз фаъолияти ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”
Дар доираи татбиқи амалии барномаҳои қабулгардида ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ дар Агентии Тоҷикстандарт нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, барои пешбурди фаъолият тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешавад.
Аз ҷумла, дар робита ба ҷорӣ намудани талаботи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии қабулгардида, оид ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва дар ин замина ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат дар корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Бо ин мақсад, директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони масъули соҳа бо фаъолияти ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” шинос гардида, дар ин замина аз раванди истеҳсолот ва шароити корхона дидан намуданд. Зимни боздид оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир машварат дода шуд.
Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо чунин иқтидор корхона метавонад 35 фоизи талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд ва дар корхонаи мазкур 135 номгӯи маҳсулот дар бастаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти корхона асосан дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва аз рӯйи нақша, дар оянда бояд содирот карда шавад.
Тибқи маълумот айни замон 700 нафар сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ кор мекунанд ва бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Таҷҳизоти васлу насбшуда навтарин буда, аз кишварҳои Дания, Австрия, Ҳолланд, Олмон ва Италия ворид гардидааст. Маврид ба таъкид аст, ки чунин технология ба Осиëи Марказӣ бори аввал оварда шудааст.