ХАБАРҲО
2023-11-26: ҶДММ “Азиза” дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат саҳм мегузорад
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагони ватанӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ бо масъулини корхонаҳои истеҳсолӣ гузаронидани вохӯриҳои роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ба нақша гирифта шудааст ва дар ин робита ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот имрӯз директори Агентӣ Абдулваҳобзода Темурҷон ва мутахассисони масъули соҳа дар ҶДММ “Азиза”, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ – ҳасиб машғул мебошад, бо кормандони корхона вохӯрӣ гузарониданд.
Дар вохӯрӣ аз раванди истеҳсолоти корхона дидан намуда, дар ин зимн ҷиҳати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифату бехатар таъкид ба амал оварда шуд.
Бояд қайд кард, ки ҶДММ “Азиза” аз соли 2017 инҷониб фаъолияти босамар дошта, имсол дар озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷоизаи махсуси озмун гардидааст ва дар бозори истеъмолӣ низ аллакай бо пешниҳоди анвои гуногуни ҳасиб муштариёни худро пайдо кардааст.