ХАБАРҲО

2023-11-24: Боздиди директори Агентии Точикстандарт аз корхонаи ЧДММ АКОМА

Бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда - маҳсулоти ҳасиб дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Акома» корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар раванди амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон корхонаро бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, таъмин намуданд. Маҳсулоти гӯштии истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур бо сертификати мутобиқат мунтазам таъмин мешавад.

Ҳамзамон, зимни гузаронидани мизи мудаввар ва семинарҳои омӯзишӣ дар доираи ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва таъмини онҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ (реглментҳои техникӣ), инчунин, масъули ҶДММ «Акома» низ иштирок мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ҶДММ «Акома» ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ–шартҳои техникии ШТ 9213ҶТ 040058027.002-2022 «Маҳсулотҳои гӯштӣ ва ҳасибии «Акома» ва тағйиру иловаҳо ба ШТ 9213ҶТ 040058027.001-2021 «Маҳсулоти ҳасибии «Акома» таҳия ва дар феҳристи давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ба қайд гирифта шуд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои содироти маҳсулоти ҶДММ «Акома» дар натиҷаи амалӣ гаштани омӯзишҳо бо масъулини корхона дар истеҳсолот талаботи стандарти байналмилалии ISO 22000 «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷорӣ гардида, ба корхона сертификати мутобиқати фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ дода шуд.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳамзамон, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентӣ озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Бояд қайд кард, ки 3 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки соҳибкорон, аз ҷумла, ҶДММ «Акома» низ намунаҳои маҳсулот ва хизматрасониҳои худро дар намоишгоҳ пешниҳод намуданд. Бо дарназардошти баҳогузории ҳакамон дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҶДММ «Акома» ҷоизаи «Лауреат»-и озмун супорида шуд.