ХАБАРҲО
2023-11-24: Роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт аз корхонаи «Артел Авесто Электроникс» дидан карданд
Корхонаи муштари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Артел Авесто Электроникс» дар натиҷаи робита ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ин ду давлати бо ҳам дӯсту бародар бунёд гардидааст. Корхонаи мазкур дар доираи сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2018 ба имзорасонии якқатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун аз тарафи ширкати ватанӣ «Авесто гурӯҳ» ва ширкати Ӯзбекистонӣ «ARTEL ENGINEERING AND MANAGEMENT» бунёд шудааст.
Корхонаи муштарак қариб тамоми намуди молу маҳсулоте, ки барои шароити буду боши мардум зарур аст, аз қабили чангкашак (палисос), обгармкунаки барқӣ (термекс), яхдон (холоденик), телевизор, дарзмолкунак (утюк), тифал, кондисанер, мошинаи ҷомашӯӣ, духобка, пилта ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол менамояд. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи ширкат дорои кафолатии 3 сола мебошад, ки барои харидор ва истифодабаранда муфид аст.
Айни ҳол директори генералии корхонаи «Артел Авесто Электроникс» Илҳом Соярқулов мебошад. Тавре ба мушоҳида мерасад молу маҳсулоти ин ширкат аллакай дар бозори дохила мавқеъ ва талабгорҳои худро пайдо кардааст. Ҳамарӯза аз молу маҳсулоти ширкат зиёд харидорӣ менамоянд. Ҳамчунин, нархи молу маҳсулоти он нисбатан арзон ва дастрас аст. Дар баробари ин харидорон метавонанд дилхоҳ молу маҳсулотро низ ба насия бигиранд. Дар баробари ин, тамоми молу маҳсулоти харидашуда дар дохили шаҳри Душанбе ройгон дастрас карда мешавад.
Корхонаи «Артел Авесто Электроникс» бо Агентии Тоҷикстандарт ҳамкории зич дорад. Корхонаро бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, регламентҳои техникӣ, шаҳодатномаи кору хизматрасонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ таъмин менамояд.