ХАБАРҲО

2023-11-08: Таҷлили рӯзи Конститутсия дар Агентии Тоҷикстандарт

Бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки кормандон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро муовини директор Рустамзода Малоҳат оғоз намуда, оид ба моҳият ва арзиши волои Конститутсия ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ суханронӣ кард. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар, аз ҷумла, кормандони Агентии Тоҷикстандарт имрӯз вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунанда, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакат ва масъулияти онҳоро барои ояндаи шукуфои Ватани азизамон - Тоҷикистон баланд бардорем.

Чун ҳамасола Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ давлатӣ арзёбӣ намуда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ баҳои баланд медиҳанд ва чунин ибрози назар мекунанд: “Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим - таърихиву сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҳоло аз ҳар яки мо тақозо мешавад ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.

Илова бар ин, дар идомаи ҷамъомад кормандони Тоҷикстандарт низ cуханронӣ намуда, роҷеъ ба гиромидошти ин санади сарнавиштсоз андешаҳои худро иброз намуданд.