ХАБАРҲО
2023-10-10: Рисолати касбӣ
Бо сари баланд ва бо иззату обрӯй ба сини ниҳоии хизмати давлатӣ расидан, ба ҳар кас муясар намешавад. Ифтихори ҳар шахс аст, ки ҳамагуна марҳилаҳои тезу тунд ва маҷроҳои шебу фарози зиндагиву кору пайкорро бо сарбаландона тай намуда, бо сари баланд рисолати касбии худро ба анҷом мерасонад. Яке аз чунин шахсони муваффақ Салимов Амирхон мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнини Агентии Тоҷикстандарт буд, ки имрӯз рисолати касбии худро сарбаландона ба анҷом расонид.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Агентии Тоҷикстандарт имрӯз бо ифтихор Салимов Амирхонро, ки дар рушд ва инкишофи соҳа саҳми арзанда гузошта буд, ба нафақа гусел карданд.
Ҳамагон огаҳем, ки қонунгузорӣ хусусиятҳои физиологии организми инсонро ба назар гирифта, махсусан синну соли ба нафақа баромадани одамонро муқаррар кардааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ ҳамчун ходими давлатӣ дар пешбурди соҳа назаррас аст ва қадру манзалате, ки дар ин манзараҳои умр соҳиб шудааст, на ба ҳар фард муяссар мегардад. Ҳамин аст, ки дар байни ҷомеа ҳамчун шахси кордону болаёқат ва инсони комил нуфузу мартабаи хосро пайдо карда, рисолати касбии худро ба некӣ анҷом додааст.
Роҳбарияти Агентӣ, кормандон ва аҳли коллективи шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин бародари гиромиро барои ба синни камолот расиданашон табрику муборакбод гуфта, дар идомаи рӯзгор хонаободӣ, хотири ҷамъ ва саломатии бардавомро таманно менамоянд.