ХАБАРҲО
2023-09-20: Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникї - омили рақобатпазирии маҳсулот дар бозор
Ба низом даровардани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ асосан тибқи санадҳои меъёрӣ - техникӣ ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин, дар Агентии Тоҷикстандарт таҳия ва қабули чунин ҳуҷҷатҳо дар мадди аввали фаъолият меистад ва имрӯз бо дарназардошти рушди соҳа ва талаботи замони муосир ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Қабул шудани як қатор қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва техникӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани фаъолият тибқи талаботи онҳо далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дар робита ба ин, имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо намояндагони корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ дар мавзӯи «Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ омили рушди истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир» семинар-машварат доир карда шуд.
Дар кори семинар муовини директори Агентӣ Малоҳат Рустамзода, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашурзода Суҳроб, мутахассисони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Агентии Тоҷикстандарт барои таъмини ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ ба корхонаҳои ватанӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро ин омили муҳим ба корхонаҳои мо имконият медиҳад, ки маҳсулоти босифати рақобатпазир истеҳсол намоянд ва дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат низ саҳм гузоранд.
Дар идома мутахассисон бо маърӯза ва рӯнамо (презентатсия) баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.