ХАБАРҲО

2023-08-07: Ибратбахш

Инсоният дар зиндагии худ бояд рисолатҳои зиёдро ба анҷом расонад. Рисолати касбӣ яке аз ҷузъҳои асосии он мебошад. Бо сари баланду дили гарм расидан ба ин қуллаи рӯзгор барои инсонҳо бахти баланд аст. Зеро ашхосе, ки ин қулларо бо ифтихор фатҳ менамоянд, аз сари қулла ба пайраҳаву шоҳроҳи тайнамудаи хеш назар афканда гузаштаи худ ва кору пайкори чандинсолаашонро пеши назар меоваранд, ки ин нукта барои одамони устувору бурдбор хеле гуворо асту лаззати минбаъдаи ҳаётро фароҳам меорад. Бешубҳа Раҳимзода Ҷӯрахон аз табори чунин мардони устувору бурдбор аст, ки тайи фаъолияти босамари хеш дар рушди соҳаи метрология дар мамлакат нақши калидӣ дорад ва садҳо шогирдону мутахассисонро роҳнамоӣ намудааст.

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт бо каломи эҳтиром ва самимияти хос, имрӯз сардори Раёсати метрологии Агентии Тоҷикстандарт Ҷӯрахон Раҳимзодаро барои ба синни камолот расиданаш табрику таҳният гуфта, бо дарназардошти муддати тӯлонӣ кору фаъолият намуданаш ба ӯ ибрози сипос намуданд, ҳамчунин, дар зиндагии минбаъда барои ӯ комёбиҳо талаб карданд.

Ҳамзамон, ба эҳтироми поси хотир тибқи анъанаю ташаббуси наҷиби роҳбарият дар боғи назди бинои Агентӣ ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Дарвоқеъ соҳаи метрология ва ҳатто равандҳои илмию таҷрибавии он дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо номи Раҳимзода Ҷӯрахон алоқаи ногусастанӣ дорад.

Дар асл ба нафақа баромадани Раҳимзода танҳо як гусели расмӣ аст ва яқин бо донишу таҷрибаи андӯхтаи соҳавӣ мавсуф боз даҳсолаҳои минбаъда низ ба ҳайси маслиҳатчӣ, мушовири шогирдони хеш ва узви ифтихории метрологҳои кишвар хизмат хоҳанд кард. Зеро илму ҷомеа ба ин қабил шахсиятҳои асилу донишманд дар ҳама давру замон ниёз дорад.

Мо ин санаи камолотро ба бародари азиз муборак гуфта, бо меҳру ихлос таманнои онро дорем, ки дар идомаи рӯзгор низ тансиҳату сарбаланду комгор, роҳнамои ҷавонон ва ибрати наслҳои имрӯзу фардо бошанд.