ХАБАРҲО
2023-08-07: Таҳияи стандартҳои кишоварзї идома меёбад
Бо мақсади идома додани таҳияи стандартҳои кишоварзӣ, имрӯз дар бинои Агентии Тоҷикстандарт бо гурӯҳи кории техникии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи стандартҳои кишоварзӣ барои меваи хушк ва меваю сабзавоти тару тоза дар назди Агентии Тоҷикстандарт, ки аз ҳисоби мутахассисони варзида аз сари нав таъсис дода шудааст, мизи мудаввар баргузор гардид.
Давоми чанд сол аст, ки Агентии Тоҷикстандарт бо Комиссияи аврупогии иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид (UNECE) ҷиҳати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ њамкорӣ дорад.
Яке аз паҳлуҳои кори ин ташкилот оид ба таҳия ва истифодабарии стандартҳо, тартиб додани брошюра ҳамчун замима ба стандарт ва дастурамал барои нозироне, ки маҳсулоти кишоварзиро барои содироту воридот ва савдои дохилӣ месанҷанд, ба ҳисоб меравад. Дар таҳияи лоиҳаи брошюраи стандартҳо коршиносони Тоҷикстандарт низ саҳм гузошта истодаанд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади бартараф намудани монаҳои техникӣ дар савдо гурӯҳи кории техникии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи стандартҳои кишоварзӣ барои меваи хушк ва меваю сабзавоти тару тоза дар назди Агентии Тоҷикстандарт аз ҳисоби мутахассисони варзида ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, роҳбарии онро муовини директори Агентӣ -сарпарасти соҳа ба уҳда дорад. Дар мизи мудаввар коршиносон оид ба моҳияти таҳияи стандартҳои кишоварзӣ, оид ба фаъолияти гурӯҳи техникии минтақавӣ ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт ба ҳайати гурӯҳи навтаъсис маълумот доданд.