ХАБАРҲО
2023-08-03: Омўзиши Конуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»
Чанде пеш, Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Тавре ки коршиносон иброз намуданд, қонуни мазкур бо дарназардошти ба миён омадани зарурат ба такмили қонунгузории соҳаи метрология ва ҷавобгӯй намудани он ба талаботи имрӯзаи стандартҳои байнидавлатӣ таҳия гардидааст.
Вобаста ба ин, Раёсати таъминоти метрологии Агентӣ семинарҳои омӯзиширо роҷеъ ба муҳимият ва зарурати қонуни мазкур ба роҳ мондааст.
Имрӯз бошад марҳилаи аввали семинари омӯзишӣ дар бинои Агентӣ тариқи рӯнамо (презентасия) ба кормандони ин раёсат гузаронида шуд.
Тавре ки сардори Раёсати таъминоти метрологӣ Раҳимзода Ҷӯрахон зимни ҳамоиш иброз дошт, дар қонун таҷрибаи нав дар соҳаи метрологияи муосир - андозагирии воситаи ченак, аттестатсияи воситаҳои ченкунӣ ва санҷиш, пайвастшавии метрологӣ, намунаҳои стандартии хосияти мода (мавод) ба инобат гирифта шудаанд, ки яке аз омилҳои асосии эътирофи байналмилалии соҳа маҳз аз ин равандҳо вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки ҳамингуна семинару омӯзишҳо дар раёсату марказҳои минтақавии Тоҷикстандарт дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монда мешавад.