ХАБАРҲО
2023-07-28: Семинари омӯзишӣ оид ба аҳамияти андозагирии воситаҳои ченак дар тиҷорат бо иштироки экспертҳои олмонӣ
Санаи 26 июли соли 2023 мутахассисони Донишкадаи физикӣ-техникии Олмон (РТВ)- роҳбари лоиҳаи “Дастгирӣ ва рушди инфрасохтори сифат дар Осиёи Марказӣ” ҷаноби Кристофер Колелл ва эксперти байналмилалии донишкадаи мазкур ҷаноби Клеменс Санетра ҷиҳати шиносоӣ ба рафти омодагии ду озмоишгоҳи Агентӣ – масса ва ҳарорат ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ки ҷамъбасти он охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ба Агентии Тоҷикстандарт ташриф оварданд.
Сараввал мутахассисони мазкур ба роҳбарияти Агентӣ – муовини директор Сафарзода Мансур ва сардори Раёсати метрология Раҳимзода Ҷӯрахон вохӯрӣ анҷом дода, оид ба корҳои анҷомдодашуда ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта гуфтушуниди судманд анҷом доданд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки экспертҳои олмонӣ, мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва як қатор намояндагони соҳаи тиҷорати ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Санҷиши эътимоднокӣ ва андозагирӣ, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии он дар бахши истеҳсолот” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори семинари омӯзишӣ эксперти байналмилалии Донишкадаи физикӣ-техникии Олмон Клеменс Санетра ва мудири озмоишгоҳи андазагирии воситаҳои ченаки Агентӣ Шокирҷонов Т.Т. оид ба ҷиҳатҳои мусбати андозагирии воситаҳои ченак ва то кадом дараҷа муҳим будани он дар корҳои тиҷоратӣ, инчунин, оид ба ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ISO 17025 дар бахши андозагирии воситаҳои ченаки Агентӣ бо рӯнамоиҳо баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 24 июли соли ҷорӣ ҳамин гуна семинари омӯзишӣ аз тарафи экспертҳои олмонӣ дар Маркази Тоҷикстандарти вилояти Суғд бо иштироки кормандони Марказ ва намояндагони соҳаи тиҷоратии вилоят низ баргузор гардида буд.
Хотирнишон бояд кард, ки гузаронидани чунин вохӯрию семинарҳои омӯзишӣ, барои густариш додани ҳамкориҳо ва рушду равнақ бахшидани тахассусии кормандон хело муфид мебошад.