ХАБАРҲО
2023-07-28: Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӢ – омили таъмини бехатарии маҳсулот
27-уми июли соли ҷорӣ дар Агентии Тоҷикстандрт бо субектҳои истеҳсоли обҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар мавзӯи “Риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ омили таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот” семинар-машварат баргузор карда шуд.
Дар семинар, сараввал Рустамзода Малоҳат муовини директори Агентӣ баромад намуда қайд кард, ки корхонаҳои соҳаи истеҳсолӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, мусоидат намуда истодаанд. Айни ҳол, бо истифода аз имкониятҳо даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, зиёд гаштани номгӯи маҳсулот, аз он ҷумла, обҳо ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар бозори истеъмолии кишвар аз он шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории соҳаи истеҳсолӣ, дар ин замина рушди истеҳсоли ватанӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва дар амал татбиқ гашта истодаанд, ки барои таъмини сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ, мусоидат намуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи таъмини сифат ва бехатарии истеҳсоли маҳсулот яке аз самтҳои фаъолияти Агентӣ ба шумор рафта, ин пеш аз ҳама аз маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагони ин маҳсулот низ вобастагии калон дорад.
Дар семинар мутахассисон ва масъулин дар робита ба талаботи ҳуҷҷатҳои меърии техникӣ оид ба бехатарии обҳо ва нӯшокиҳоли ғайриспиртӣ бо рӯнамо (презентатсия) баромад намуданд.
Ҳамчунин, мутахассиси самти метрологияи Агентӣ Самадов Рамазон ҷиҳати талабот ба миқдор ва бастубанди маҳсулоти хӯрокворӣ бо рӯнамо (презентатсия) баромад карда, ба истеҳсолкунандагон дақиқияти масъалаи мазкурро фаҳмонид.
Хотирнишон бояд сохт, ки Агентии Тоҷикстандарт ва марказҳои зертобеи он семинар - машварат ва корҳои фаҳмондадиҳию омӯзиширо бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон густариш додааст.