ХАБАРҲО

2023-07-26: Хамкориҳо бо соҳибкорон густариш меёбад.

Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти шустушӯӣ дар мавзӯи “Маводҳои шустушӯӣ, гигиенӣ ва хокаҳои шустушӯӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Агентӣ Рустамзода Малоҳат, сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, муовини сардори раёсат, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати сабук, кормандон, мутахассисон, инчунин, роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ширкат намуданд.

Дар кори семинар, нахуст, муовини директор Рустамзода Малоҳат баромад намуд. Ӯ ҳамзамон қайд дошт, ки давоми солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла, таҳким бахшидан ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои Тоҷикистонро ба кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додан кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти босифату бехатар ва воридотивазкунандаи ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад.

Дар идома мутахассисон роҷеъ ба феҳристи стандартҳои байнидавлатӣ ва тарзи истифодабарии он, талаботи стандарти ГОСТ 31696-2012 оид ба маҳсулоти шустушӯӣ, гигиенӣ ва хокаҳои шустушӯӣ, тасдиқи мутобиқати маҳсулот (сертификатсияи маҳсулоти шустушӯӣ, гигенӣ) ва талабот ба миқдор ва бастубанди маҳсулоти шустушӯӣ бо рӯнамо (презентатсия) баромад намуданд.

Дар раванди ҳамоиш аз ҷониби директори ҶДММ "Баҳор косметик групп" оид ба фаъолияти корхона, дастовардҳо ва таҷрибаи истеҳсолоти пешқадам маълумот дода шуд.