ХАБАРҲО

2023-01-15: ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН ВА СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

Дар бозори истеъмолӣ моеи зиддисардӣ, ба истилоҳ Антифриз яке аз маҳсулоти серталаб буда, дар тамоми воситаҳои нақлиёт он истифода мегардад. Маҳз аз ҳамин талабот суистифода карда дар бозори дохилӣ баъзе аз соҳибкорон навъҳои пастсифату ғайристандартии Антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд, ки бар зарарари истеъмолкунандагон аст.

То ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки маҳсулоти серталаботро тақаллубкорӣ карда, ба шакли он монанд маҳсулот истеҳсол мекунанд, вале ба сифату таркиби он аслан аҳамият намедиҳанд. Чораҷуиҳои вақтҳои охир ва санҷишҳои озмоишгоҳӣ маълум кард, ки дар баъзе аз ин намуди маҳсулот ба ҷуз об ва моддаи рангкунанда дигар чизе мавҷуд нест, ҳоло он ки таркиби худи моеи Антифриз танҳо аз об, спирти 2 атома этилингликол ва маводи рангкунанда иборат аст.

Дар марҳилаи аввали гузаронидани озмоиш аллакай таҷҳизоти санҷишӣ нишон дод, ки истифодаи он дар фасли зимистон танҳо бар зарари ронандагон асту бас.

Баъзе аз фурӯшандагон таъкид медоранд, ки ҳангоми қабули маҳсулот ба ҳама паҳлуҳои сифатнокӣ, сертификату намуди зоҳирӣ ва тамғагузории маҳсулот таваҷҷуҳи хосса медиҳанд то мизоҷони доимии худро аз даст надиҳанд ва ба онҳо низ зарари молиявӣ наоранд.

Гарчанде теъдоди зиёди моеи зиддисардии Антифризи ғайристандартӣ аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо мусодира шуда бошад ҳам, аммо бемасъулиятӣ ва андешаи даромади муфт вуҷуди қаллобонро тарк намекунад. Бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ фурӯшандагони зиёде низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд, ки дар натиҷа харидор зарари молӣ мебинад.

Истифодаи моеи зиддисардӣ дар ҳолати ғайристандартӣ буданаш танҳо бар зарари ронандагон аст ва дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ оварда метавонад. Хусусан дар фасли зимистон дар ҳолати сард будани ҳаво ва ё минтақаҳои сарди кишвар зарурати истифодаи бештар мегардад. Аз ин рӯ ҳар як харидор ҳангоми харид ба ҳама тавсияҳои мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд, аз фурӯшанда сертификати мутобикти он маҳсулотро талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи моеи Антифриз дар ҳолати ногувор қарор нагиранд.

ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ГИРОМӢ!

Ҳангоми харидории Антифриз ба сифати он аҳамият диҳед, ҳамчунин, пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб кунед.

Аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба мақомотҳои дахлдор, хусусан ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.

Суроға:

Ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 42/2

Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Рақами вайберӣ: 988502222