ХАБАРҲО
2022-12-27: Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи И.Ҳасанов
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон, Агентии Тоҷикстандарт ҳамасола дар арафаи иду маросимҳо ба Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишии ба номи И.Ҳасанов» кӯмаку дастгириҳои худро мерасонад.
Ин навбат дар арафаи соли нави мелодӣ, бо иштироки муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора ба 400 нафар таълимгирандагон ва мурабиёну кормандони ин муассиса туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид, ҳамчунин, аз номи директори Агентӣ онҳоро ба соли нав табрику таҳният гуфта, дар хониши минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуданд.