ХАБАРҲО

2022-12-19: 20 МАСЪАЛАИ МУҲИМ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ

Чанде пеш, машварати роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсияи давлатҳо – аъзои Созишнома дар бораи баргузории сиёсати ҳамоҳангшуда дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия (ҷаласаи 62-юми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои мақомотҳои миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бюро оид ба стандартҳо ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Агентии Тоҷикстандарт дар нишасти ҷаласаи мазкур тариқи маҷозӣ иштирок намуда, онро ҳайати васеи роҳбарону кормандон, аз ҷумла, муовини якуми директор – Р.Д. Мирзоён, директори МД “Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия” ва сардорони раёсатҳои дахлдор муаррифӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа беш аз 20 масъала, ки барои такмил додани фаъолият дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳим оид ба баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, таҳкими робитаҳои илмию техникӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо, банақшагирии ҳамкориҳои соҳавӣ, баррасӣ гардиданд.