ХАБАРҲО

2022-12-19: БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БО ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ ВАТАНӢ

Имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт бо истеҳсолкунандагон ва намояндагони корхонаҳое, ки ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти гӯшти, хусусан гӯшти мурғ машғуланд, корҳои машваратӣ доир гардид. Дар кори машваратӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии «Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварат, дар робита ба масъалаи мавриди баррасӣ қароргирифта муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Шерзода Ситора иброз намуд, ки масъалаи таъмини босифат ва бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, яке аз самтҳои фаъолияти Агентӣ ба шумор рафта, пеш аз ҳама аз маърифати ҳуқуқии истеҳсолкунандагони ин маҳсулот вобастагии калон дорад. Вобаста ба ин, мо тасмим гирифтем, ки бо мақсади батанзим даровардани бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти аз он омодакардашуда як ҳуҷҷати меъёрии техникии талаботаш ҳатмиро қабул намоем. Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳияи лоиҳа бояд таклифу пешниҳоди тарафҳои манфиатдор яъне истеҳсолкунадагони ватанӣ ба инобат гирифта шаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки барои қабул ва дар амал татбиқ намудани ин лоиҳа намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ ва истеҳсолӣ даъват гардида буданд, то ки роҷеъ ба он назару андешаҳои худро иброз намоянд. Ҳамчунин, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмил додани лоиҳаи мазкур пешниҳод кунанд.

Хотирнишон бояд кард, ки қабули регламенти техникии мазкур, барои таъмини бехатарии бозори истеъмолӣ, мусоидат намуда, метавонад дар оянда ҳамчун фишанги ғайритарифӣ ҷиҳати пешгирии воридоти гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он аз хориҷи кишвар истифода гардад. Дар ин замина барои рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид гузорад.