ХАБАРҲО

2022-12-19: Хизматрасониҳои электронӣ – омили бартараф намудани монеаҳо дар фаъолият

Замона пайваста дар ҳоли рушд аст. Ҳар навгонӣ ва ё падидае, ки дар самти технология зуҳур мекунад, барои осон ва қуллай гардонидани кори одамон мебошад.

Тавре ки мо шоҳиди ҳолем, имрӯзҳо дар дилхоҳ самту соҳа фаъолияти хизматрасониҳои электронӣ роҳандози гардидааст, ки нақши муассирро дар иҷрои кору хизматрасонӣ анҷом медиҳанд.

Вобаста ба ин имрӯз дар Агентии Тоҷикстандарт семинари омӯзишӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳо ва инчунин, мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд.

Семинари омӯзишӣ дар самти таҳияи нақшаи гузаронидани санҷишҳо дар портали электронӣ, меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал ва номгӯи масъалаҳои назоратии он бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ таъкид гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҷорӣ намудани портали электронии хизматрасониҳо барои соҳибкорон ва дар ин замина, баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ, аз ҷумла, тариқи электронӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ роҳандозӣ намояд.

Ҳадафи роҳандозӣ кардани чунин барномаҳои электронӣ, барои бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, гузаронидани санҷишҳои беасос ва дигар омилҳои таъсиррасон мебошад.